Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 19.05.2024

ҲАМВАТАНОН
Марде, ки зи поки оби кавсар мехӯрд,
Ҳар лаҳза қасам ба шири модар мехӯрд.
Рӯзе дидам аз барои мансаби худ,
Ҳамвора сари ҳазор бародар мехӯрд.
Эй хамватанон миллатам афгор шудаст,
Айби дигарон ба гарданаш бор шудаст.
Эй ҳамнафасон санги ғазабро шиканед,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.
Эй ҳамватанон,
Эй ҳамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.
Мурги чаманам, дар чаман бедона,
Соҳибватанам, чу беватан бехона.
Эй қавм туро умеди озоди нест,
То саҷда куни ба қиблаи бегона.
Эй ҳамватанон,
Эй ҳамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.
Ай вой, ки қавми тахнасорем ҳанӯз,
Гӯё хираду ақл надорем ҳанӯз.
Ай вой, ки худ ба ҷони ҳам уфтодем,
Мо неш ба зоту хеш дорем ҳануз.
Эй ҳамватанон,
Эй ҳамватанон,
Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.
(АЛИМУҲАМАД МУРОДӢ)
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 3684 | Рейтинг: 2.0/1