Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 19.05.2024

Аз ёр то ёр!
Ту вақте роҳ мерафти ҷавониям пасат мерафт,
Ту вақте ноз мекарди чи хуш буд зиндагониям.
Ту вакте руй гардони зи ман, гӯё ки умрам рафт,
Чи сон созам фаромӯшат, ба дарди нотавониям?

Ту ки ҳамсӯҳбатам буди, ҳамеша дар барам буди,
Ту ки дар чорбоғи ман гули хушбӯтарам буди,
Ту ки дар олами орзу шабу рӯз ахтарам буди
Чи сон созам фаромӯшат, ба дарди нотавониям?

Ба дардам дард зам карди, бигӯ охир чаро карди,
Ба рангам зардиҳо омад, зи ҳайфи он ҷавонмарди.
Ба гӯшам хуш хабар омад, ту хушҳол бо ҳамон фарди,
Чи сон созам фаромӯшат ба ин тур нотавониям,

Ту рафти оқибат манро ғами ёри дигар омад,
Ба ҷои сӯзи ишқи ту маро кори дигар омад.
Ба Ӯ гуфтам, Худои ман, намесозам фаромӯшат,
Намесозам фаромӯшат, ба дарди нотавониям. 
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 3875 | Рейтинг: 3.2/6