Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 19.05.2024

Дӯстон ин лаҳза субҳи босафое бишнавед
Дӯстон ин лаҳза субҳи босафое бишнавед,
Қиссаҳои ҷонгудози дилрабое бишнавед,
Тӯтии шакарлаби ширинадое бишнавед,
"Андалебе мезанад бар гул навое бишнавед,
Бӯи ёри ошно аз ошное бишнавед".

Кабки масти пурҳавое месарояд ваҳ чи хуш,
Бо навою сӯзу созаш бурда халқеро зи ҳуш,
Ошиқони дар чаман афтодаро ҷӯшу хурӯш,
"Аз лаби Лайливу Маҷнун нуқтае доред гӯш,
В-аз забони булбулу гул моҷарое бишнавед".

Булбуле чаҳ-чаҳ занон гӯяд каломи ишқро,
Гул бинозад бо худу гӯяд саломи ишқро,
Орифон дар арши аъло гуфта номи ишқро,
"Ҷониби майхона маҳмурона ҷоми ишқро,
Мезанад ҳар хум ба зери лаб салое бишнавед".

Меваҳо аз шӯълаи хуршед мегиранд нур,
Моҳи навгардида пеш аз он мегардад пур,
Сарви боло сарфарозӣ кам кунад дар хоки шӯр,
"Кӯҳҳо дар нолаанд аз риккати мастони Тур,
З-он ҳама шуру шагаб боре садое бишнавед".

Нолаи булбул барои ман садои ошност,
Ошно донад садои ошно чун бовафост,
Хоксорӣ пешаи мардони бошарму ҳаёст,
"Навбати Қайсар гузашт, он салтанат Дар қасри мост,
Навбати шоҳӣ зи айвони гадое бишнавед".

Банд-банди назми Хуҷанди диҳад моро камол,
Кай шавад ҳосил фаровон гар намебошад шамол,
Медиҳад ашъори Хоҷа ин мухаммасро ҷамол,
"Аз Худо дар ҳар дуое васл мехоҳад Камол,
Гар намегӯед омине дуое бишнавед".
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 2957 | Рейтинг: 1.8/4