Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Суббота, 20.04.2024

Диёри ман
Осмони кабуд,
Кӯҳу дарёю рӯд,
Нағмаи обшор,
Чашми сабзи баҳор,

Гиряҳои саҳоб,
Хандаи офтоб,
Пистаю норван,
Лолаю настаран,

Қақраи қабки маст,
Ҷилваи нуру бахт,
Ҳусну фахру сафо,
Нозу меҳру вафо,

Акси тиру камон
Дар рухи одамон,
Ин диёри ман аст,
Пуду тори ман аст.
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (14.03.2015)
Просмотров: 5466 | Рейтинг: 1.7/3