Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 09.02.2025

Аз--- Гулистон-и Саъдӣ
Боби панҷум дар Ишқу Ҷавонӣ

-------------Ҳикоят---------------------------
Ҳасани Маймандиро гуфтаанд:
--Султон Маҳмуд чандин бандаи соҳибҷамол дорад,ки ҳар яке бадеъи ҷаҳонеанд.Чӣ гуна афтодааст,ки бо ҳеҷ як бо эшон майлу муҳаббате надорад,чунон ки бо Аёз,ки зиёдат ҳусне надорад?
Гуфт:
--Ҳар чӣ ба дил фуруд ояд дар дида накӯ намояд.
Ҳар кӣ султон муриди ӯ бошад,
Гар ҳама бад кунад,накӯ бошад.
В-он киро подшаҳ бияндозад,
Касаш аз хайли хона нанвозад.
------------------------------------------------------
Касе ба дидаи инкор агар нигоҳ кунад,
Нишони сурати Юсуф диҳад ба нохубӣ.
В-агар ба чашми иродат нигаҳ кунӣ дар дв,
Фариштаест намояд ба чашми карррубӣ.

--------------------Ҳикоят------------------

Гуян,хоҷаеро бандае нодирулҳусн буд ва бо вай ба сабили маваддат назаре дошт.Бо яке аз дӯстон гуфт:
--Дареғ,ин бандаро бо ҳусну шамоиле,ки дорад,
агар забондарозию беадабӣ накардӣ!
Гуфт:
--Эй бародар,чун қарори дӯстӣ кардӣ,таваққуи хидмат мадор,ки чун ошиқу маъшуқӣ дар миён омад,молику мамлукӣ бархост.
Хоҷа бо бандаи парирухсор,
Чун даромад ба бозию ханда.
На аҷаб,к-ӯ чу хоҷа ҳукм кунад,
В-ин кашад бори ноз чун банда.
--------------------------------------------
Ғулом обкаш бояду хиштзан,
Бувад бандаи нозанин муштзан.

-----------Ҳикоят-------------
Порсоеро дидам ба муҳаббати шахсе гирифтор,на тоқати сабру на ёрои гуфтор,чандон ки маломат дидию ғаромат кашиди,таркӣ тасобӣ нагуфтию гуфтӣ:

Кӯтаҳ накунам зи доманат даст,
В-ар худ бизанӣ ба теғи тезам.
Баъд аз ту малозу малҷае нест,
Ҳам дар ту гурезам,ар гурезам

Боре маломаташ кардаму гуфтам:
--Ақли нафисатро чӣ шуд,то нафси хасис ғолиб омад?
Замоне фурӯ рафту гуфт:
-------------------------------------------------------------
Ҳар куҷо султони ишқ омад намонд,
Қуввати бозуи тақворо маҳал.
Покдоман чун зияд бечорае,
Уфтода то гиребон дар ваҳал? 
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1565 | Рейтинг: 0.0/0