Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 09.02.2025

Рафти зи барам эй гули раънои бахорам.
Рафти зи барам эй гули раънои бахорам. 
Монди ту ба дил догу аламхо ба канорам. 
Чун муи сиёхат хама рузам намуди шаб. 
Чун зулфи парешони ту гум гашт карорам.

***

Туро гуфтам, ки ман ёри ту мешам, 
Дар ин олам харидори ту мешам. 
Агар дасти паризоде бигирам. 
Якин донам, ки ман зори ту мешам.

***

Ошу нонат чун адо шуд, ошноят меравад. 
Аз наво чун бозмондӣ, ҳамнавоят меравад.
Шоҳиди ранги муҳаббат ҳар нафас аз боғи дил, 
Гул наёрӣ, дилбари гулгунқабоят меравад.

***

Ширинтар аз лабонат канд набошад, 
Миёни ману ту секрет набошад. 
Агар ману ту бо якдигар бошем, 
Илохо то сахар свет набошад.

***

Эй чашми ту масти хобу сармасти шароб,

Сохибназарон ташнаву васли ту сароб,

Монанди ту одами дар ободу хароб,

Бошад, ки дар оина тавон диду дар об!
**

Хар соатам андарун бичушад хунро

Ва огахи нест, мардуми берунро.

Илло магар он ки руи Лайли дидааст,

Донад, ки чи дард мекушад Мачнунро!
***

Ман руи туро ба мохи тобон надихам,

Лаьли лаби ту ба дурру марчон надихам. 

Лаьли лаби ту агар ба дастам ояд, 

Киммат хараму бахои арзон надихам.
**
Ошикон аз дидаи дилдор хушнуданду лек

Даври хушкомии онхо он кадар бисёр нест.

Кимати моро шикасти бо хазор озори хеш.

Гарчи моро нисбати ту заррае озор нест.

Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1525 | Рейтинг: 5.0/1