ДӮСТАМ!
ДӮСТАМ! Шоирон гарчи баробар мекунанд, Лек асло одамӣ хуршед нест. Баъди ту як чизро фаҳмидаам: Ҳеҷ кас дар ин ҷаҳон ҷовид нест. Гар чизе андар вуҷуди одамӣ Зиндаи ҷовид мебошад - дил аст. Ҳар кӣ дил дорад, бимонад ҷовидон, Чун дил аст, онро ба дилҳо манзил аст. Дӯстам, эй марди сар то пой дил, Дил ниҳодиву бирафтӣ ногаҳон. Як диле аз синаи соҳибдиле Ёдгорӣ монд баҳри дӯстон. Он дили софе, ки танҳо баҳри ман Бори меҳри он гаронӣ мекунад. Андаруни сина ҷо кардам варо, Кори қалбамро ниҳонӣ мекунад. Дил гаронбор аст, бо ҷон мекашам Бори меҳри гарму ҷӯшони туро. Мебарам дар синаву дар дидаам Қалби поку рӯи хандони туро. Мебарам бори ду дилро сӯи пеш Аз сабукборони соҳил нестам. Мекунам кори ду дилро, дӯстам, Нағз медонӣ, ки бедил нестам!
| |
Просмотров: 1355 | |