Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Четверг, 26.06.2025

ДАСТИ МОДАР
Бо ҳамон дасте, ки чодар сўхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрўхтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Кишвари гул-гул шукуфон хостӣ,
Бо ҳамон дасте, ки манзил сохтӣ,
Қасрҳову кўшкҳо андохтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дар рўи замин
Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин,
Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб
Дилпурона давлати олиҷаноб,
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагўён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ.
Бо ҳамон дасте, ки ширам додаӣ,
Сўям оғўшат калон бикшодаӣ,
Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ,
Бо ҳамон дасте, ки шодам борҳо
Пок кардӣ ашки чашмони маро,
Бо ҳамон дасте, ки гул бў кардаӣ,
Шонаро бар кокулу мў кардаӣ,
Сўи фатҳи тоза кун аз сидқи дил
Кафзанон фарзандҳоятро гусел!
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1401 | Рейтинг: 0.0/0