Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем
Эй азизон, то ба кай мо тарки кишвар мекунем, То ба кай аз баҳри нафс тарки модар мекунем, Ин ҳама шаҳри рус обод шуд аз дасти мо. Ҳолу аҳволи Ватанро кай накӯтар мекунем. Паҳлавонони диёр зери мушти нокасон, Аз қабеҳ дашномҳо гӯши худ кар мекунем, Духтуру омӯзгор, устои гулдаст то ба кай. Мардикори зери дасти ҳар сагу хар мекунем. Ҷон модарҷонам, ҷавобе бар суоли ман бигӯ. То ба кай аз сузиши дил дидаро тар мекунем. Ҳайфи ин умри ҷавонӣ, ҳайфи ишқу ошиқи. Ки ҷудоӣ аз нигору ёру дилбар мекунем.!!!
| |
Просмотров: 1494 | |