Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 09.02.2025

Ман ба меҳри Модари ҷон ташнаам
Ман ба меҳри Модари ҷон ташнаам,
Бар муҳаббатҳои ҷонон ташнаам.
Бар ҷавои кӯҳсорон ташнаам,
Бар навои обшорон ташнаам.
Бар сафои разаборон ташнаам,
Бар ҳавои Тоҷикистон ташнаам.

Дар миёни лобалои қилу қол,
Дар сари андешаву ғарки хаёл,
Ҳаҷрҳо бахшида меҳрамро камол,
Орзуҳо қаъри дил амри муҳол.
Бар амалободи ормон ташнаам,
Бар фазои Тоҷикистон ташнаам.

Хоб мебинам суруди шаршара,
Сабзу хуррам дашту домони дара,
Деҳаи хурдам саропояш сара,
Метапад қалбам миёни пайкара,
Ҳамчу Юсуф баҳри Канъон ташнаам,
Бар вафои Тоҷикистон ташнаам.

Ёд кардам пораи нони Ватан,
Рӯҳафзо меҳрборони Ватан,
Чун биёбонам ба борони Ватан,
Дардошноям ба дармони Ватан.
Бар давои сӯзиши ҷон ташнаам,
Бар шифои Тоҷикистон ташнаам.

Саҷда орам хоки Хатлони варо,
Зарраи лаъли Бадахшони варо,
Қатраобе аз Зарафшони варо,
Рашту Суғду насли Сомони варо.
Бар зиёратгоҳи имон ташнаам,
Хоки поки Тоҷикистон ташнаам!
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1075 | Рейтинг: 0.0/0