Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Понедельник, 03.06.2024

Зан агар оташ намешуд
Зан агар оташ намешуд,
Зан агар оташ намешуд чун намесӯхт ҷони ман,
Зан агар оташ намебуд ҳам набуд ормони ман.
Зан агар оташ намебуд дар муҳити зиндагӣ,
Ашки ғамҳоро намедид дидаву миҷгони ман.

Зан агар оташ намебуд, ҷанг байни мо набуд,
Аз ковоки қошу рӯяш занг бар дилҳо набуд.
Дар замини курашаклу ин самои беканор,
Як ҷаҳон андеша бар сар, танг ҷои мо набуд.

Зан агар оташ намебуд, ишқи мо нопухта буд,
Чашми чори интизори дар раҳаш нодӯхта буд.
Кай зи гарми оғӯши ӯ андаруни синаҳо,
Шодиҳо аз хандаи ӯ гулшане афрӯхта буд?

Зан агар оташ намебуд, ман намегуфтам: -Қалам,
Сӯзише дар сина дорам, пеши ту созам алам.
Мисра-мисра, пора-пора дар варақ иншо намо,
То замоне хонда бошад зан ҳам байти дилам.
Икроми Пӯлод
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 3385 | Рейтинг: 2.0/1