Таскин
Эй дил ту чаро дар қафасам масти хуморӣ? Гаҳ ғамзада дар синаву гумкарда қарорӣ. Бо хости ту кардам қадамеро ба қадам ҷо, Бо ду лаби барбаста чаро кунҷу канорӣ? Гаҳ Маҷнуниву Ширини Фарҳоди замонӣ, Гаҳ гулҳавасе ҳастӣ, ки дар қасди шикорӣ. Гаҳ нармӣ ба ҷон бахшида ори ҳаваси ман, Чун дарди ту ояд ба танам ханҷару хорӣ. Гаҳ рӯшани аз неки биори ба хаёлам, Вой дод аз ҳол, ки ту дар кина саворӣ. Бо неши сухан кунҷу канори ту сурох аст, Зардоби ғаму ғуссаро аз дида барорӣ. Ай дил амале кун, ки бо ҳастии Икром, Имшаб агар овораи фардо ба мазори.
| |
Просмотров: 1062 | |