Замоне мешави хомӯш, маро дигар намеҷӯӣ
Замоне мешави хомӯш, маро дигар намеҷӯӣ, Замоне мерави охир бари он ёри дилҷӯе.. Кашида интизорият, нишинам ман шабони тор, Вале дигар намеои - бари он ёри дилҷӯӣ.. На як ҳарфу на овозе, сукути бесару анҷом, Кашам фарёд зи хомӯшӣ, ки ту дигар намеоӣ! Туро ман дуст медоштам, вале афсӯс, намегуфтам, Замони роз меҷустам, туро бинам ба танҳоӣ. Кунун рафти ба саҳрое, бигашти сабзаи боғе, Рабуди гунчаи меҳрам, равам ман сӯи расвоӣ.. Бари он ёри дилҷӯи, маро дигар намеҷӯӣ, Туро ман дӯст медоштам, чи суд, дигар намеоӣ...
| |
Просмотров: 1329 | |