Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 09.02.2025

Оҳансиришт
Шеърро дар сина ахтар мекунам,
Қалбро дунёи бе бар мекунам.
Мисраҳоро дар фазои қалби хеш,
Ҳамчу як сели кабӯтар мекунам.
Ҳарфро бишкуфта андар орзу,
Чун ниҳоли навдаи тар мекунам,
Мурғи илҳомро ба ишқу ошиқӣ,
Доначини зулфи дилбар мекунам.
Бо қалам рӯи варақ аз қофия,
Ҷумлаҳо монанди афсар мекунам.
Назмро аз санъати шеъру сухан,
Тозафаҳму тозапарвар мекунам.
Маъниро монанди султони замон,
Бар сари андеша роҳбар мекунам.
Пас аз ин шеъри туро Оҳансиришт,
Пешкаши чашмони ховар мекунам.
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1085 | Рейтинг: 0.0/0