Ба ман ҷабру ҷафо карди ту ҳам ҷабру ҷафо бини
Ба ман ҷабру ҷафо карди ту ҳам ҷабру ҷафо бини, Ситамҳо носазо доди ситамро бо сазо бини. Намакҳои лабонамро чашида пеши по карди, Намакҳои лабам гар зад ту қадрат пеши по бини, Дили пурорзуямро ба мисли шиша бишкасти. Ба қалби ғуссаву армон маро аз худ ҷудо бини Ниҳоли ишқи ман хушк шуд зи оби дидаҳои ман, Дарахти ишқи нопокат ба боғи бевафо бини. Ба роҳам хор биншонда ба фарқам шох мемонди, Мазан ҷоно ба ман писханд, агар рӯзе маро бини Ба дарди ишқи ту будам, кунун аз ҷабри ту сӯзам, Худатро, мешавад рӯзе, ба ин дард мубтало бини. Нафорид имтиҳон кардам, мани Оҳан чи лоиқам, Ки буди норизо аз ман, ризоги аз Худо бини
| |
Просмотров: 1235 | |