Мисрахо аз Икроми Пулод
Хуни дилро дар ҳақи ишқи ту резондам, ғалат. Чашми чорам дар раҳи ишқи ту мондам ғалат. Гарчи медонистам аз аввал, ки ин аст ошиқӣ. Саҳфаи ин қиссаро ҳаргиз намехондам ғалат. Ман немехоҳам туро сарсону саргардон бинам, Ман намехоҳам туро дар давраи дӯстон бинам. Ман намемонам, ки ёдат дур шавад аз қалби ман, То ки ёди ширинат дар қалби номардон бинам. Ман нахостам, дон ки қалби зори ман, Ҳеҷ мехоҳад, ки дар ғафлат занад? Мушти худ бар синаи пурдарду оҳ, Гаштаву баргашта аз ёдат занад! Гарчи мегӯи сухан бар қасди ҷон, Ҷони ман ҳаргиз намехоҳад шунид! Чашм мегӯяд ба дил, ай бехабар, Он париру меҳри ту ҳаргиз надид! Худоё дари дил дорам, ба ҷуз ғайрат намедонад. Муноҷотам ба ту дорам, ки кас инро наметонад. Кушо ҳар банду бастеро, ки ҳаст дар қисмату тақдир. Ибодатҳо ки дарди дил дигар кардан намемонад. Дилам имшаб намегӯяд, қалам гир оҳи ман бинвис. Ва ё сӯзу гудози ман, чизи дилхоҳи ман бинвис! Нафас андар гулӯ танг аст, чу марди оқилу доно, Қаламро ҳеҷ намегӯяд, ки ғам дар роҳи ман, бинвис!
| |
Просмотров: 1388 | |