Қасоид
Муборак соате бошад, ки бо манзӯр биншини, Ба наздикат бисӯзонад, магар к-аз дӯр биншини. Уқобон медарад чанголи бозӯ оҳанинпанҷа, Тӯро боз ҳамин бошад, ки чун усфӣр биншини. Набояд, гар бисӯзандат, ки фарёд аз ту бархезад, Агар хоҳи, ки чун парвона пеши нур биншини. Гарат бо мо хуш афтодаст, чун мо лоуболи шав, На ёрон маст бархезанду ту мастур биншини. Мае хӯр, к-аз сари дунё тавони хостан якдил, На он соат, ки ҳушёрат кунад, маҳмур биншини. Таманнои шикам рӯзе кунад яғмои мӯронат, Агар ҳар ҷо ки ширинист, чун занбӯр биншини. Ба сурат з-он гирифтори, ки дар маъни намебини, Фаромӯшат шавад ин дев, агар бо ҳур биншини. Напиндорам, ки бо ёрат висол аз даст бархезад, Магар,к-аз ҷар чи ҳаст андар ҷаҳон, маҳҷур биншини. Миёни хобу бедори тавони фарқ кард онгаҳ, Ки чун Саъди ба танҳои шаби дай ҷур биншинй. Басам аз хаво гирифтан, ки паре намонду боле, Ба кӯҳо равам зи дастат, ки намедиҳи маҷоле. На раҳе гурез дорам, на тариқи ошнои, Чи ҳам ӯфтодаеро, ки тавонад эҳтиёле. Ҳама умр дар фироқат бигузашту саҳл бошад, Агар эҳтимол дорад ба қиёмат иттисоле. Чи хуш аст дар фироқе ҳама умр ба умеди он, ки Рӯзе ба каф ӯфтад висоле.ри ман он, ки лутфи Хӯдовандро ба хақиқат канор нест, В-ар хаст, пеши ахли хақиқат канори ӯст. Дар ахди Лайли ин хама Маҷнун набудаанд, В-ин фитна барнахост, ки дар рӯзгори ӯст. Сохибдиле намонд дар ин фасли навбахор, Бовар макун, ки сурати ӯ аҳли ман бибӯрд, Аҳли ман он бибӯрд, ки суратнигорӣ ӯст. Гар дигарон бар манзари зебо назар кунанд, Моро назар бар қудрати парвардигори ӯст. Сари ҷонон надорад, ҳар ки ӯро хавфи ҷон бошад, Ба ҷон гар сӯҳбати ҷонон барояд, ройгон бошад. Муғелон ҷист, то ҳоҷи инон аз Каъба барпечад? Ҳасак дар роҳи муштоқон бисоти парниён бошад. Надорад бо ту бозоре, магар шӯридаасроре, Ки мҳраш дар миёни ҷону мӯҳраш бар даҳон бошад. Парирӯё, чаро пинхон шави аз мардуми чашмам? Париро хосият он аст, к-аз мардум ниҳон бошад. Нахоҳам рафтан аз дунё, магар дар пойи деворат, Ки то дар вақти ҷон додан сарам бар остон бошад. Гар аз рои ту баргардам, бахилу ноҷавонмардам, Равон аз ман таманно кун, ки фармонат равон бошад. Ба дарёи ғамат гаркам, гурезон аз хама халқам, Гурезад душман аз душман, ки тират дар камон бошад. Халоиқ дар ту ҳайронанду ҷойи ҳайрат аст, алҳақ, Ки маҳро бар замин бинанду маҳ бар осмон бошад. Миёнатрову мӯятро агар сад раҳ бипаймойи, Миёнат камтар аз мӯйеву мўят то миён бошад. Ба шамшер аз ту натвонам, ки рӯйи дил бигардонам, В-агар милам каши дар чашм майлам ҳамчунон бошад. Чу Фарҳод аз ҷаҳон берун ба талхи меравад Саъди, Валекин шӯри Ширинаш бимонад, то ҷаҳон бошад.
| |
Просмотров: 1100 | |