Қасоиду ғазалиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Самоъву бодаи гулгуну лӯъбатони чу моҳ, Агар фаришта бибинад, дарӯфтад дар чоҳ. Назар чӣ гуна бидӯзам, ки баҳри дидани дӯст Зи хоки ман ҳама наргис дамад ба ҷойи гиёҳ. Касе, ки огаҳӣ аз завқи ишқи ҷонон ёфт, Зи хеш, ҳайф бувад, гар даме бувад огоҳ. Ба чашм-т-андар болор нангарӣ ту ба рӯз, Ба шаб ба чашми касон андарун бубинӣ коҳ. *** Фиғони ман ҳама з-он зулфи тобдори сиёҳ, Ки гоҳ пардаи лолост, гоҳ меъҷари моҳ, Ба вақти хуфтанаш аз мушки суда бошад ҷой, Ба гоҳи рафтанаш аз сими сода бошад роҳ. Ҳазор тавбаи садсоларо ба бод диҳад, Ҳазор зоҳиди садсоларо барад аз роҳ. Агар саодат ҷӯйӣ, ба ҷуз ризош маҷӯй В-агар саломат хоҳӣ, ба ҷуз ҳавош махоҳ! Агар ба кӯҳ расад боди хашми ӯ як бор В-агар ба коҳ расад боди меҳри ӯ ногоҳ, Ба соат-андар монанди коҳ гардад кӯҳ, Ба лаҳза-андар монанди кӯҳ гардад коҳ! *** «Зеҳ!» доноро гӯянд, ки донад гуфт, Ҳеҷ нодонро донанда нагӯяд: «Зеҳ!» Сухани ширин аз зуфт наёрад бар, Буз ба буҷ-буҷ-бар ҳаргиз нашавад фарбеҳ. *** Бо ошиқон нишину ҳаме ошиқӣ гузин, Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам гӯю кам нишин! Бошад, ки дар висоли ту бинанд рӯи дӯст, Ту низ дар миёнаи эшон наӣ, бибин! Туранҷи бедор андар шуда ба хоби гарон, Гули ғунуда барангехта сар аз болин. Ҳар он ки хотами мадҳи ту кард дар ангушт, Сар аз даричаи заррин бурун кунад чу нигин! Ланги равандаст, гӯш нею суханёб, Гунги фасеҳ аст, чашм нею ҷаҳонбин. Тезии шамшер дораду равиши мор, Колбади ошиқону гунаи ғамгин. Зайғаме насл пазируфта зи дев, Оҳуе ном ниҳода якрон. Офтобе, ки зи чобукқадамӣ, Бар сари зарра намоянд ҷавлон. | |
Просмотров: 2399 | |