Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 09.02.2025

Қасоиду ғазалиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Модари майро бикард бояд қурбон,
Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон.
Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ,
То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон!
Ҷуз ки набошад ҳалол дур бикардан
Баччаи кӯчак зи шири модару пистон.
То нахӯрад шир ҳафт маҳ ба тамомӣ,
Аз сари урдибиҳишт то буни обон.
Он гаҳ шояд зи рӯи дину раҳи дод,
Бачча ба зиндони тангу модар – қурбон.
Чун бисупорӣ ба ҳабс баччаи ӯро,
Ҳафт шаборӯз хира монаду ҳайрон.
Боз чу ояд ба ҳушу ҳол бибинад,
Ҷӯш барорад, бинолад аз дили сӯзон.
Гоҳ забар зер гардад аз ғаму гаҳ боз
Зер –забар ҳамчунон з-андӯҳ ҷӯшон.
Зарри бар оташ куҷо бихоҳӣ полуд,
Ҷӯшад, лекин зи ғам наҷӯшад чандон.
Боз ба кирдори уштуре, ки бувад маст,
Кафк барорад зи хашму ронад султон.
Марди ҳарас кафкҳош пок бигирад,
То бишавад тирагишу гардад рахшон.
Охир к-ором гираду начахад низ,
Дар-ш кунад устувор марди нигаҳбон.
Чун бинишинад тамому софӣ гардад,
Гунаи ёқути сурх гираду марҷон.
Чанд аз ӯ сурх чун ақиқи ямонӣ,
Чанд аз ӯ лаъл чун нигини Бадахшон!
В-ар-ш бибӯйӣ, гумон барӣ, ки гули сурх,
Бӯй бад-ӯ доду мушку анбар бо бон.
Ҳам ба хум-андар ҳамегузорад чунин,
То ба гаҳи навбаҳору нимаи найсон.
Он гаҳ агар нимашаб дар-ш бикшойӣ,
Чашмаи хуршедро бибинӣ тобон!
В-ар ба булӯр-андарун бибинӣ, гӯйӣ,
Гавҳари сурх аст ба кафи Мӯсӣ(и) Имрон.
Зуфт шавад родмарду суст – диловар,
Гар бичашад з-ӯю рӯйи зард – гулистон!
В-он-к ба шодӣ яке қадаҳ бихӯрад з-ӯй,
Ранҷ набинад аз он фарозу на аҳзон.
Андӯҳи даҳсоларо ба Танҷа рамонад,
Шодии навро зи Рай биёраду Аммон!
Бо майи чунин, ки солхӯрда бувад, чанд
Ҷома бикарда фароз панҷа хулқон.
Маҷлис бояд бисохта маликона
Аз гулу в-з ёсамину хайрии алвон!
Неъмати фирдавс густурида зи ҳар сӯ,
Сохта коре, ки кас насозад чунон!
Ҷомаи заррину фаршҳои навойин,
Шӯҳра раёҳину тахтҳои фаровон.
Барбати Исову лаҳнҳои Муродӣ,
Чанги Мидак(?) ниру нои Чобуки Ҷонон.
Як саф мирону Балъамӣ бинишаста,
Як саф ҳуррону Пирсолеҳи Деҳқон.
Хусрави бар тахти пешгоҳ нишаста,
Шоҳи мулуки ҷаҳон – амири Хуросон!
Турк ҳазорон ба пой пеши саф-андар,
Ҳар як чун моҳи бар ду ҳафта дурафшон.
Ҳар як бар сар басоки мӯрд ниҳода,
Рӯ-ш майи сурху зулфу ҷаъдаш райҳон!
Бодадиҳанда буте – бадеъ зи хубон,
Баччаи хотуни турку баччаи хоқон!
Чун-ш бигардад набиз чанд ба шодӣ,
Шоҳи ҷаҳон шодмону хурраму хандон!
Аз кафи турке сиёҳчашми парирӯй,
Қомати чун сарву зулфаконаш чавгон
З-он майи хушбӯй соғаре биситонад,
Ёд кунад рӯйи шаҳриёри Сиҷистон.
Худ бихӯрад нӯшу авлиёш ҳам эдун
Гӯяд ҳар як, чу май бигирад шодон:
Шодии Бӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад,
Он маҳи озодагону мафхари Эрон!
Он малики адлу офтоби замона,
Зинда бад-ӯ доду рӯшаноии Кайҳон!
Он, ки набуд аз нажоди Одам чун ӯ,
Низ набошад, агар нагӯйӣ бӯҳтон!
Ҳуҷҷати якто худою сояи ӯяст,
Тоати ӯ карда воҷиб ояти Фурқон.
Халқ зи хоку зи обу оташу боданд
В-ин малик аз офтоби гавҳари Сосон!
Фарр бад-ӯ ёфт мулки тираву торӣ,
Адн бад-ӯ гашт низ гетии вайрон.
Гар ту фасеҳӣ, ҳама маноқиби ӯ гӯй
В-ар ту дабирӣ, ҳама мадоеҳи ӯ хон!
В-ар ту ҳакимию роҳи ҳикмат ҷӯйӣ,
Сирати ӯ гиру хуб мазҳаби ӯ дон!
Он-к бад-ӯ бингарӣ ба ҳикмат, гӯйӣ:
Инак Суқроту ҳам Фалотуни Юнон.
В-ар ту фақеҳию сӯйи шаръ гиройӣ,
Шофеӣ инак - ту Бӯҳанифаву Суфён!
Гар бикушояд зуфон ба илму ба ҳикмат,
Гӯш кун инак ба илму ҳикмати Луқмон!
Марди адабро хирад физояду ҳикмат,
Марди хирадро адаб физояду имон.
В-ар ту бихоҳӣ фариштае, ки бибинӣ,
Инак ӯяст ошкоро Ризвон!
Хуб нигаҳ кун бад-он латофату он рӯй,
То ту бибинӣ бар ин, ки гуфтам, бурҳон.
Покии ахлоқи ӯву покнажодӣ,
Бо нияти неку бо макорими эҳсон!
В-ар сухани ӯ расад ба гӯши ту як роҳ,
Саъд шавад мар туро нуҳусати Кайвон!
В-ар-ш ба садр-андарун нишаста бибинӣ,
Ҷазм бигӯйӣ, ки зинда гашт Сулаймон!
Сомсаворе, ки то ситора битобад,
Асб набинад чун ӯ савор ба майдон!
Боз ба рӯзи набарду кину ҳамият,
Гар-ш бибинӣ миёни миғфару хафтон,
Хор намояд-т жандапил бад-он гоҳ
В-арчи бувад масту тезгаштаву ғуррон!
В-ар-ш бидидӣ Сифандиёр гаҳи разм,
Пеши синонаш ҷаҳон давидию ларзон!
Гарчи ба ҳангоми ҳилм кӯҳи тани ӯй
Кӯҳи Сиём аст, ки кас набинад ҷунбон!
Душман агар аждаҳост, пеши синонаш
Гардад чун мум пеши оташи сӯзон!
В-ар ба набард оядаш ситораи Баҳром,
Тӯшаи шамшери ӯ шавад ба гаравгон!
Боз бад-он гаҳ, ки май ба даст бигирад,
Абри баҳорӣ чун ӯ наборад борон.
Абри баҳорӣ ҷуз оби тира наборад,
Ӯ ҳама дебо ба тахту зар(р)и ба анбон!
Бо ду каф ӯ зи бас ато, ки бубахшад,
Хор намояд ҳадису қиссаи Тӯфон!
Лоҷарам, аз ҷуду аз саховати ӯяст,
Нарх гирифта мадеҳу сомит арзон.
Шоир зӣ ӯ равад фақиру тиҳидаст,
Бо зари бисёр бозгардаду ҳамлон.
Марди суханро аз ӯ навохтану бирр,
Марди адабро аз ӯ вазифаи девон!
Боз ба ҳангоми доду адл бари халқ
Нест ба гетӣ чун ӯ набилу мусулмон!
Дод биёбад заиф ҳамчу қавӣ з-ӯй,
Ҷавр набинӣ ба назди ӯву на удвон.
Неъмати ӯ густарида бар ҳама гетӣ,
Он чӣ кас аз неъматаш набинӣ урён!
Бастаи гетӣ аз ӯ биёбад роҳат,
Хастаи гетӣ аз ӯ биёбад дармон.
Бо расани авфи он муборак хусрав,
Ҳалқаи танг аст ҳар чӣ дашту биёбон.
Пӯзиш бипзираду гуноҳ бибахшад,
Хашм наронад, ба афв кӯшаду ғуфрон!
Он малики Нимрӯзу хусрави пирӯз,
Давлати ӯ юзу душман – оҳуи нолон.
Амри ибну-л-Лайс зинда гашт бад-ӯ боз
Бо ҳашами хешу онзамонаи эшон!
Рустамро ном агарчи сахт бузург аст,
Зинда бад-ӯяст номи Рустами Дастон!
Рӯдакиё, барнавард мадҳи ҳама халқ,
Мидҳати ӯ гӯю маҳри давлат бистон!
В-арчӣ бикӯшӣ ба ҷаҳди хеш бигӯйӣ
В-арчӣ кунӣ тез фаҳми хеш ба сӯҳон
В-арчӣ дусад тобеа фаришта дорӣ,
Низ парӣ бозу ҳар-ч ҷинию шайтон,
Гуфт надонӣ сазошу хезу фароз ор,
Он ки бигуфтӣ, чунон ки гуфтан натвон!
Инак мадҳе чунон, ки тоқати ман буд,
Лафз ҳама хубу ҳам ба маънӣ осон.
Ҷуз ба сазовори мир гуфт надонам
В-арчи Ҷарирам ба шеъру Тойию Ҳассон.
Мадҳи амире, ки мадҳ з-ӯст ҷаҳонро,
Зинат ҳам з-ӯю фарру нузҳату сомон!
Сахт шукӯҳам, ки аҷзи ман бинамояд
В-арчи Сареам або фасоҳати Саҳбон.
Бурд чунин мадҳу арза кард замоне
В-арчи бувад чира бар мадоеҳи шоҳон.
Мадҳи ҳама халқро карона падид аст,
Мидҳати ӯро карона неву на поён!
Нест шигифтӣ, ки Рӯдакӣ ба чунин ҷой
Хира шавад беравону монад ҳайрон.
В-арна маро Бӯумар диловар кардӣ,
В-онгаҳ дастурие гузидаи Аднон,
Заҳра куҷо будаме ба мадҳи амире,
К-аз пайи ӯ офарид гетӣ Яздон!
В-ар-м заифию бебудим набудӣ,
В-он-к набуд аз амири Машриқ фармон.
Худ бидавидӣ ба сони пайки мураттаб
Хидмати ӯро гирифта ҷома ба дандон.
Мадҳи расул аст, узри ман бирасонад,
То бишиносад дуруст мири сухандон.
Узри раҳӣ хеши нотавонию пирӣ,
К-ӯ ба тани хеш аз ин наёмад меҳмон.
Давлати мирам ҳамеша бод бар афзун,
Давлати аъдои ӯ ҳамеша ба нуқсон!
Сар-ш расида ба моҳ-бар ба баландӣ
В-они муодӣ ба зери моҳӣ пинҳон.
Талъати тобандатар зи талъати хуршед,
Неъмати пояндатар зи Ҷудию Саҳлон!
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1335 | Рейтинг: 0.0/0