Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 09.02.2025

Қасоиду ғазалиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2)
Зиндагонӣ, чи кӯтаҳу чи дароз,
На ба охир бимурд бояд боз?!
Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд,
Ин расанро, агарчи ҳаст дароз.
Хоҳӣ андар анову шиддат зӣ,
Хоҳӣ андар амон ба неъмату ноз!
Хоҳӣ андактар аз ҷаҳон бипзир,
Хоҳӣ аз Рай бигир то ба Тароз.
Ин ҳама боду буди ту хоб аст,
Хобро ҳукм не, магар ба маҷоз.
Ин ҳама рӯзи марг яксонанд,
Нашиносӣ зи якдигаршон боз.
Ноз агар хубро сазост ба шарт,
Насазад ҷуз туро карашмаву ноз!

Зираш Уторид, он ки нахониш ҷуз дабир,
Як номи ӯ Уториду як номи ӯст Тир.
Оҷиз шавад зи ашки ду чашму ғиреви ман
Абри баҳоргоҳию бахнӯҳ дар матир!
Гетӣ чу гов нек диҳад шир мар туро,
Худ боз бишканад ба карона ханури шир.

Ҳаме бикуштӣ, то дар адӯ намонд шуҷоъ,
Ҳаме бидодӣ, то дар валӣ намонд фақир.
Басо касо, ки барра асту фарахша бар хонаш,
Басо касо, ки ҷавин нон ҳаменаёбад сер.
Мубодарат куну хомӯш мабош чандино,
Агар-т бадра расонад ҳаме ба бадри мунир!

Чокаронат ба гаҳи разм чу хайётонанд,
Гарчи хайёт наянд, эй малики кишваргир!
Ба гази найза қади хасми ту мепаймоянд,
То бибурранд ба шамшеру бидӯзанд ба тир.

Вақти шабгир бонги нолаи зир,
Дӯсто, он хурӯши барбати ту
Хуштар ояд ба гӯшам аз такбир!
Зории зеру ин мадор шигифт,
Гар зи дашт-андар оварад нахҷир.
Тани ӯ тир не, замон ба замон
Ба дил-андар ҳамегузорад тир.
Гоҳ гирёну гаҳ бинолад зор
Бомдодону рӯз то шабгир.
Он забоновару забонаш не,
Хабари ошиқон кунад тафсир.
Гоҳ девонаро кунад ҳушёр,
Гар ба ҳушёр барниҳад занҷир.

Чархи фалак ҳаргиз пайдо накард,
Чун ту яке сифлаи дуну жакӯр.
Хоҷа Абулқосим аз нанги ту
Бар накунад сар ба қиёмат зи гӯр.

Ба даври адли ту дар зери чархи миноӣ
Чунон гурехт зи даҳри дуранг ранги футур.
Ки боз шона кунад ҳамчу бод сунбулро,
Ба неши чангали хунрез тораки усфур.
Гирд кун, гирд кун дирам бисёр,
Кунҷи хона, биёкан аз динор!
Хост аз ҷони ту фиғону хурӯш
В-омад аз баҳри хоста пайкор.


Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1320 | Рейтинг: 0.0/0