Қасоиду ғазалиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (3)
Эй ошиқи дилдода бад-ин ҷои сипанҷӣ, Ҳамчун шаманӣ шефта бар сурати Фархор. Дарвозу даревоз фурӯ гашту баромад, Бим аст, ки якбор фуруд ояд девор. Девори куҳангашта набардорад подир, Як рӯз ҳама паст шавад, ранҷиш бигзор! Он хаҷши зи гардан-ш даровехта гӯйӣ, Хикест пур аз бод дар ӯ рехта аз бор. Он кун, ки дар ин вақт ҳамекардӣ ҳар сол, Хаз пӯшу ба кошона рав аз суффаву фарвор. Ёд орию донӣ, ки туӣ зираку нодон В-ар ёд надорӣ, ту сиголиш куну ёд ор! Эй хоҷа, ин ҳама, ки ту бармедиҳӣ шумор, Бодоми тару сикию баҳмону бостор. Мор аст ин ҷаҳону ҷаҳонҷӯй моргир, Аз моргир мор барорад ҳаме дамор. Гар шавад баҳри кафи ҳиммати ту мавҷзанон, В-ар шавад абри сари рояти ту тӯфонбор, Бар маволи-т бипошад ҳама дурру гавҳар, Бар аоди-т биборад ҳама шахкосаву хор. Агар гул орад бор он рухони ӯ, на шигифт, Ҳароина чу ҳаме май хӯрад, гул орад бор. Ба зулф каж, валекин ба қадду қомат рост, Ба тан дуруст, валекин ба чашмакон бемор. Маро ҷуди ӯ тоза дорад ҳаме, Магар ҷудаш абр асту ман киштзор?! Магӯ як сӯ афкан, ки худ ҳамчунин. Бияндешу дидаи хирад баргумор. Або барқу бо ҷастани соиқа, Або ғул-ғули раъд дар кӯҳсор. На моҳи Сиёмӣ, на моҳи фалак, Ки инат ғуломасту он пешкор. На чун пури мири Хуросон, ки ӯ Аторо нишаста бувад Кирдгор. Бар рухаш зулф ошиқ аст чу ман, Лоҷарам, ҳамчу ман-ш нест қарор. Ману зулфайни ӯ нагунсорем, Ӯ чаро бар гул асту ман бар хор?! Ҳамчу чашмам тавонгар аст лабам, Он ба лаъл, ин ба лӯълӯи шаҳвор. То ба хок- андарат нагардонад, Хоку мок аз ту барнадорад кор. Жак, ки бо андшор бинмойӣ(?) Дили ту хуш кунад ба хуш гуфтор. Бод якчанд бар ту паймояд, Андар оташ раво шавад бозор. Лаъли майро зи дурҷи хум пур каш, Дар кадунима кун, ба пеши ман ор. Зану духтар-ш гашта мӯякунон, Рухи карда ба нохунон шудгор. Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат Се пироҳан салаб будаст Юсуфро ба умр-андар: Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз тӯҳмат, Савум Яъқубро аз бӯш равшан гашт чашми тар. Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ, Насиби ман шавад дар васл он пироҳани дигар. Бувад аъвару кӯсаҷу лангу пас ман Нишаста бар ӯ чун кулоғе бар аъвар. Касеро, ки бошад ба дил меҳри Ҳайдар, Шавад сурхрӯ дар ду гетӣ баовар… Аё сарвбун, дар такупӯйи онам, Ки фарғандосо бупечам ба ту-бар! Дареғи мидҳати чун дурру обдор ғазал, Ки чобукиш наёяд ҳаме ба лафз падид. Асоси табъ санояст, бал қавитар аз он, Зи олати сухан омад ҳаме ҳама монид. Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд, Бо бӯйи гулу мушку насими саман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод, Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд. Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеҷ, К-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд. Эй турки камарбаста, чунонам зи фироқат, Гӯянд, қабои ту маро пираҳан ояд. Ҳар шаб нигаронам ба Яман, то ту баройӣ, Зеро ки Суҳайлию Суҳайл аз Яман ояд. Кӯшам, ки бипӯшам, санамо, номи ту аз халқ, То номи ту кам дар даҳани анҷуман ояд. Бо ҳар кӣ сухан гӯям, агар хоҳаму гар не, Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд. Анде, ки амири мо бозояд пирӯз, Марг аз паси дидан-ш раво бошаду шояд. Пиндошт ҳаме ҳосид, к-ӯ бознаёяд, Бозомад, то ҳар шафаке жож нахояд. Дарё ду чашму оташ бар дил ҳамефизояд, Мардум миёни дарё в-оташ чӣ гуна пояд?! Неши наҳанг дорад, дилро ҳамехасояд, Надҳам, ки ногуворад, к-эдун на хурд хояд! Кор ҳама рост, ончунон ки бибояд, Ҳоли шодист, шод бошӣ, шояд. Андӯҳу андешаро дароз чӣ дорӣ? Давлати ту худ ҳамон кунад, ки бибояд! Ройи вазирон туро ба кор наёяд, Ҳар чӣ савоб аст, бахт худ фармояд. Чарх наёрад бадили ту зи халоиқ В-он ки туро зод, низ чун ту назояд. Эзад ҳаргиз даре набандад бар ту, То сад дигар ба беҳтарӣ накшояд. Май орад шарафи мард мепадид, Озоданажод аз дирамхарид. Май озода падид орад аз бадасл, Фаровон ҳунар аст андар ин набид! Ҳар он гаҳ, ки хӯрӣ май, хуш он гаҳ аст, Хоса чу гулу ёсаман дамид. Басо ҳисни баландо, ки май кушод, Басо курраи навзин, ки бишканид. Басо дуни бахило, ки май бих(в)ард, Каримӣ ба ҷаҳон-дар пароканид. Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд! Сапедсимизада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд. Яке намонд кунун з-он, ҳама бисуду бирехт, Чӣ наҳс буд! – Ҳамоно, ки наҳси Кайвон буд! На наҳси кайвон буду на рӯзгори дароз, Чӣ буд, ман-т бигӯям: қазои Яздон буд. Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст, Ҳамеша, то бувад ойин, гирдгардон буд. Ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд. Куҳан кунад ба замоне, ҳамон куҷо нав буд Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд. Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд. Ҳаме чӣ донӣ, эй моҳрӯи мушкинмӯй, Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд?! Ба зулфи чавгон нозиш ҳамекунӣ ту бад-ӯ, Надидӣ он гаҳ ӯро, ки зулфчавгон буд. Шуд он замона, ки рӯяш ба сони дебо буд, Шуд он замона, ки мӯяш ба сони қатрон буд! Чунон ки хубӣ меҳмону дӯст буд азиз, Бишуд, ки бознаёмад азиз меҳмон буд. Басо нигор, ки ҳайрон будӣ бад-ӯ дар чашм, Ба рӯйи ӯ - дар чашмам ҳамеша ҳайрон буд. Шуд он замона, ки ӯ шод буду хуррам буд, Нишоти ӯ ба фузун буду бим нуқсон буд. Ҳамехариду ҳамесахт бешумор дирам, Ба шаҳр ҳар кӣ яке турки норпистон буд. Басо канизаки некӯ, ки майл дошт бад-ӯ, Ба шаб зи ёрии ӯ назди ҷумла пинҳон буд. Ба рӯз чунки наёраст шуд ба дидани ӯ, Ниҳеби хоҷаи ӯ буду бими зиндон буд. Набизи равшану дидори хубу рӯи латиф, Агар гарон буд, зӣ ман ҳамеша арзон буд. Дилам хизонаи пурганҷ буду ганҷ –- сухан, Нишони номаи мо меҳру шеър унвон буд. Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад, Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд. Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър, Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд. Ҳамеша чашмам зӣ зулфакони чобук буд, Ҳамеша гӯшам зӣ мардуми сухандон буд. Иёл не, зану фарзанд не, маунат не, Аз ин ҳама танам осуда буду осон буд. Ту Рӯдакиро, эй моҳрӯ, кунун бинӣ, Бад-он замона надидӣ, ки ин чунинон буд. Бад-он замона надидӣ, ки зӣ чаман рафтӣ, Сурудгӯён, гӯйӣ, ҳазордастон буд. Шуд он замон, ки ба ӯ унси родмардон буд, Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд. Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон аст, Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон буд. Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвишт, Шуд он замона, ки ӯ Шоири Хуросон буд. Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон, Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд. Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ, Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд! Бидод мири Хуросон-ш чил ҳазор дирам Ва-аз ӯ фузунии як панҷ мири Мокон буд. Зи авлиёш пароканда низ ҳашт ҳазор Ба ман расид, бад-он вақт, ҳоли хуб он буд. Чу мир дид сухан, дод доди мардии хеш, Зи авлиёш чунон, к-аз амир фармон буд. Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам, Асо биёр, ки вақти асову анбон буд!
| |
Просмотров: 1757 | |