Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Среда, 25.06.2025

Қасоиду ғазалиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (4)
Агарчи узр басе буд, рӯзгор набуд,
Чунон ки буд, ба ночор хештан бахшуд.
Худойро бисутудам, ки кирдигори ман аст,
Забонам аз ғазалу мадҳи бандагон-ш насуд.
Ҳама ба тунбалу банд аст бозгаштани ӯ,
Шаранги нӯшомеғ асту рӯйи зарандуд.
Бунафшаҳои тарӣ хел-хел сар баркард,
Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.
Биёру ҳон, бидеҳ он офтоб, к-аш бихӯрӣ,
Зи лаб фурӯ шаваду аз рухон барояд зуд.

То кай гӯйӣ, ки аҳли гетӣ
Дар ҳастию нестӣ лайиманд?
Чун ту тамаъ аз ҷаҳон буридӣ,
Донӣ, ки ҳама ҷаҳон кариманд.

Маро ту роҳати ҷонӣ, муояна, на хабар,
Киро муояна ояд, хабар чӣ суд кунад?!
Сипар ба пеш кашидам хаданги қаҳри туро,
Чу тир бар ҷигар ояд, сипар чӣ суд кунад?!

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд,
Маргро сар ҳама фурӯ карданд.
Зери хок-андарун шуданд онон,
Ки ҳама кӯшкҳо бароварданд.
Аз ҳазорон ҳазор неъмату ноз
На ба охир ба ҷуз кафан бурданд?!
Буд аз неъмат он чӣ пӯшиданд
В-он чӣ доданду он чиро х(в)арданд.

Сарсари ҳиҷри ту, эй сарви баланд,
Решаи умри ман аз бех биканд!
Пас, чаро бастаи ӯям ҳама умр,
Агар он зулфи дуто нест каманд?!
Ба яке ҷон натавон кард суол,
К-аз лаби лаъли ту як бӯс ба чанд?
Бифканад оташ андар дили ҳусн,
Он чи ҳиҷрони ту аз сина фиканд.

Низ або некувон ҷанг намояд-т фанд,
Лашкари фарьёд не, хоста не, судманд.
Қанд ҷудо кун аз ӯй, дур шав аз заҳри данд,
Ҳар чӣ ба охир беҳ аст ҷони туро, он писанд!

Ҷуз он ки мастии ишқ аст, ҳеҷ мастӣ нест.
Ҳамин бало-т бас аст, эй ба ҳар бало хурсанд!
Хаёли разми ту гар дар дили адӯ гузарад,
Зи бими теғи ту бандаш ҷудо шавад аз банд.
Зи адли туст ба ҳам бозу саъваро парвоз,
Зи ҳукми туст шабу рӯзро ба ҳам пайванд.
Ба хушдилӣ гузарон, баъд аз ин ки боди аҷал
Дарахти умри бадандешро зи по афканд.
Ҳамеша то ки бувад аз замона ному нишон,
Мудом, то ки бувад гардиши сипеҳри баланд,
Ба базми айшу тараб бод некхоҳи ту шод,
Ҳасуди ҷоҳи ту бодо зи ғусса зору нажанд.

Дер зиёд он бузургвор худованд,
Ҷони гиромӣ ба ҷон-ш- андар пайванд!
Доим бар ҷони ӯ биларзам, зеро-к
Модари озодагон кам орад фарзанд.
Аз маликон кас чун ӯ набуд ҷавоне,
Роду сухандону шермарду хирадманд.
Кас нашиносад ҳаме, ки кӯшиши ӯ чун,
Халқ надонад ҳаме, ки бахшиши ӯ чанд.
Дасту забон зар(р)у дурр пароканад ӯро,
Ном ба гетӣ на аз газоф пароканд.
Дар дили мо шохи меҳрубонӣ биншост,
Дил на ба бозӣ зи меҳри хоста барканд.
Ҳамчу муаммост фахру ҳиммати ӯ шарҳ,
Ҳамчу Абистост фазлу сирати ӯ Занд.
Гарчи бикӯшанд шоирони замона,
Мадҳи касеро касе нагӯяд монанд.
Сирати ӯ тухм гашту неъмати ӯ— об,
Хотири маддоҳи ӯ–замини барӯманд.
Сирати ӯ буд вайҳнома ба Кисро,
Чунки ба ойин-ш «Панднома» биёканд.
Сирати он шоҳ «Панднома»- и аслист,
З-он ки ҳаме рӯзгор гирад аз ӯ панд.
Ҳар кӣ сар аз панди шаҳриёр бипечид,
Пойи тарабро ба доми гурм дарафканд.
Кист ба гетӣ хамирмояи идбор?
Он ки ба иқболи ӯ набошад хурсанд.
Ҳар кӣ нахоҳад ҳаме кушоиши кораш,
Гӯ: «Бишаву дасти рӯзгор фурӯ банд!»
Эй малак, аз ҳоли дӯстон-ш ҳаменоз,
Эй фалак, аз ҳоли душманон-ш ҳамеханд!
Охири шеър он кунам, ки аввал гуфтам:
«Дер зиёд он бузургвор худованд!»

Гул дигар раҳ ба гулситон омад,
Вораи боғу бӯстон омад.
Вори озар гузашту шӯълаи он
Шӯълаи лоларо замон омад.

Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Хаз ба ҷойи мулаҳҳаму хиргоҳ, 
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷойи савсан омад боз,
Май бар ҷойи арғавон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад.

Фариштаро зи ҳаловат даҳон пуроб шавад,
Чу аз ҳаловати май дилбарам лабон лесад.
Равон зи дидаи афлокиён шавад Ҷайҳун,
Нисоли тират агар қабзаи камон лесад.
Бахокхуфтаи тири ту аз ҳаловати захм
Забон баровараду захмро даҳон лесад.

Зулфи туро ҷим кӣ кард, он ки ӯ
Холи туро нуқтаи он ҷим кард.
В-он даҳани танги ту, гӯйӣ касе,
Донагаке нор ба ду ним кард!

Мурд Муродӣ, на ҳамоно, ки мурд,
Марги чунон хоҷа на корест хурд.
Ҷони гиромӣ ба падар боздод,
Колбади тира ба модар супурд.
Они малак бо малакӣ рафт боз,
Зинда кунун шуд, ки ту гӯйӣ бимурд.
Коҳ набуд ӯ, ки ба боде парид,
Об набуд ӯ, ки ба сармо фисурд.
Шона набуд ӯ, ки ба мӯе шикаст,
Дона набуд ӯ, ки заминаш фишурд.
Ганҷи заре буд дар ин хокдон,
К-ӯ ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд.
Қолиби хокӣ сӯйи хокӣ фиканд,
Ҷону хирад сӯйи самовот бурд.
Ҷони дувумро, ки надонанд халқ,
Мисқалае карду ба ҷонон супурд.
Соф буд, омехта бо дурди май,
Бар сари хум рафту ҷудо шуд зи дурд.
Дар сафар афтанд ба ҳам, эй азиз,
Марвазию розию румию курд,
Хонаи худ бозравад ҳар яке,
Атлас кай бошад ҳамтои бурд?!
Хомӯш кун чун нуқат, эро малак,
Номи ту аз дафтари гуфтан сутурд.

Чун баччаи кабӯтар минқор сахт кард,
Ҳамвор кард парру биафканд мӯйи зард,
Кобукро нахоҳад шох орзу кунад
В- аз шох сӯи бом шавад боз гирдгард.

Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,
Рустами Дастон туӣ андар набард.
Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,
Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард.

Аз дӯст ба ҳар чиз чиро бояд - т озард,
К-ин айш чунин бошад — гаҳ шодию гаҳ дард.
Гар хор кунад меҳтар, хорӣ накунад айб,
Чун боз навозад, шавад он доғи ҷафо сард.
Сад нек ба як бад натавон кард фаромӯш,
Гар хор барандешӣ, хурмо натавон х(в)ард.
Ӯ хашм ҳамегирад, ту узр ҳамехоҳ,
Ҳар рӯз ба нав ёри дигар менатавон кард.

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.
Ҳар он ки эзад - ш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад.

Ҷаҳон ба коми худованд боду дер зиёд,
Бар-ӯ ба ҳеҷ ҳаводис замона даст мадод!
Дурусту рост кунод ин масал худой варо:
«Агар бибаст яке дар, ҳазор дар бикшод.»
Худойи арш ҷаҳонро чунин ниҳод ниҳод,
Ки гоҳ мардум шодону гаҳ бувад ношод.

Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!
З-омада шодмон бибояд буд,
В-аз гузашта накард бояд ёд.
Ману он ҷаъдмӯи ғолиябӯй,
Ману он моҳрӯйи ҳурнажод.
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт он, ки ӯ нахӯрду надод.
Боду абр аст ин ҷаҳони фусӯс,
Бода пеш ор, ҳар чӣ бодо, бод!
Шод будааст аз ин ҷаҳон ҳаргиз,
Ҳеҷ кас, то аз ӯ ту бошӣ шод?!
Дод дидаст аз ӯ ба ҳеҷ сабаб
Ҳеҷ фарзона, то ту бинӣ дод?!

Эй рӯйи ту чу рӯз далели муваҳҳидон
В-эй мӯи ту чунон чу шаби мулҳид аз лаҳад!
Эй ман муқаддам аз ҳама ушшоқ, чун туӣ,
Мар ҳуснро муқаддам чун аз каломи қад.
Маккӣ ба Каъба фахр кунад, мисриён ба Нил,
Тарсо ба усқуфу алавӣ б-ифтихори ҷад,
Фахри раҳӣ бад-он ду сияҳчашмакони туст,
К-омад падид зери ниқоб аз бари ду хад.

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамкорӣ карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки: «Киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз, ки ӯро бикушад он, ки туро кушт?»
Ангушт макун ранҷа ба даркӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба даркӯфтанат мушт.

Охири ҳар кас аз ду берун нест,
Ё барозурданист ё заданист,
На ба охир ҳама бифарсояд,
Ҳар кӣ анҷомрост, фарсуданист!

Мурғ дидӣ, ки бачча з-ӯ бибаранд,
Чов-чов- андар асту ҷӯён аст?!
Боз чун баргирифт парда зи рӯй,
Карвадандону пуштчавгон аст.

Он саҳни чаман, ки аз дами дай,
Гуфтӣ дами гург ё паланг аст.
Акнун зи баҳори монавитабъ,
Пурнақшу нигор ҳамчу Жанг аст.
Бар киштии умр такя кам кун,
К-ин Нил нишемани наҳанг аст.

Ба хирасар шумурад серхӯрда гурснаро,
Чунон ки дарди касон бар дигар касе хор аст.
Чу пӯсти рӯбаҳ бинӣ ба хони вотгарон,
Бидон, ки тӯҳмати ӯ дунбаи ба саркор (?) аст.

Ин ҷаҳон поку хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бадист,
Шодии ӯ ба ҷойи тимор аст.
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст?!
Куниши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст.

Замона панде озодвор дод маро,
Замонаро чун наку бингарӣ, ҳама панд аст.
Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махӯр зинҳор,
Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
Замона гуфт маро: «Хашми хеш дор нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст!».

Имрӯз, ба ҳар ҳоле, Бағдод Бухорост,
Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.
Соқӣ, ту бидеҳ бодаву мутриб, ту бизан руд,
То май хӯрам имрӯз, ки вақти тараби мост,
Май ҳасту дирам ҳасту бути лоларухон ҳаст,
Ғам нест в-агар ҳаст, насиби дили аъдост.

Ба саройи сипанҷ меҳмонро
Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост.
Зери хок-андарун-т бояд хуфт,
Гарчӣ акнун-т хоб бар дебост.
Бо касон буданат чӣ суд кунад,
Ки ба гӯр-андарун шудан танҳост!
Ёри ту зери хок мӯру магас,
Чашм бикшо, бибин, кунун пайдост!
Он ки зулфайну гесуят пирост,
Гарчӣ динор ё дирам-ш баҳост.
Чун туро дид зард гуна шуда,
Сард гардад дилаш, на нобиност.

Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт!
З-он ақиқин мае, ки ҳар кӣ бидид,
Аз ақиқи гудохта нашнохт.
Ҳарду як гавҳаранд, лек ба табъ,
Ин бияфсурду он дигар бигдохт.
Нобисуда ду даст рангин кард,
Ночашида ба торак-андар тохт.

Бо хирадуманд бевафо бувад ин бахт,
Хештани хешро бикӯш ту як лахт.
Худ хӯру худ деҳ, куҷо набуд пушаймон
Ҳар ки бидоду бихӯрд аз он чи, биалфахт.

Гули садбаргу мушку анбару себ,
Ёсамини сапеду мӯрди базеб.
Ин ҳама яксара тамом шудаст,
Назди ту, эй бути мулукфиреб!
Шаби ошиқ-т лайлатулқадр аст,
Чун ту берун кунӣ рух аз ҷилбеб.
Ба ҳиҷоб-андарун шавад хуршед,
Гар ту бардорӣ аз ду лола ҳиҷеб.
В-он занахдон ба себ монад рост,
Агар аз мушк хол дорад себ!

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар-ш – абри тираву боди сабо – нақиб.
Наффот – барқи равшану тундар-ш – таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин маҳиб.
Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор
В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб.
Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ,
Чунон ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯйи саман бодро табиб.
Борони мушкбӯй биборид нав ба нав
В-аз барг баркашид яке ҳуллаи қасиб .
Кунҷе, ки барф пеш ҳамедошт, гул гирифт,
Ҳар ҷӯяке, ки хушк ҳамебуд, шуд ратиб.
Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,
Барқ аз миёни абр ҳамебаркашад қазиб.
Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯси ба ҳинно шуда хазиб.
Булбул ҳаме бихонд дар шохсори бед,
Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб.
Сулсул ба сарвбун-бар бо нағмаи куҳан,
Булбул ба шохи гул-бар бо лаҳнаки ғариб.
Акнун хӯред бодаву акнун зиед шод,
К-акнун барад насиб ҳабиб аз бари ҳабиб.
Соқӣ, гузин бодаву май хӯр ба бонги зер,
К-аз кишт сор ноладу аз боғ андалиб.
Ҳарчанд навбаҳор ҷаҳон аст ба чашм хуб,
Дидори хоҷа хубтар аз он меҳтари ҳасиб.
Шеби ту бо фарозу фарози ту бо нишеб,
Фарзанди одамӣ ба ту андар ба шебу теб.
Дидӣ ту рижу ком бад-ӯ андарун басе,
Бо ридакони мутриб будӣ ба фарру зеб.

Бо ошиқон нишину ҳаме ошиқӣ гузин, 
Бо ҳар кӣ нест ошиқ, кам кун қариниё.
Бошад гаҳи висол бубинанд рӯи дӯст,
Ту низ дар миёнаи эшон бибиниё,
То андар он миёна, ки бинанд рӯи ӯ,
Ту низ дар миёнаи эшон нишиниё!
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 2518 | Рейтинг: 1.5/2