Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Среда, 25.06.2025

Қасоиду ғазалиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (5)
Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро,
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!
Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое.
Чӣ кӯбӣ беҳуда сард оҳанеро?!
Аё савсан, баногӯше, ки дорӣ,
Ба рашки хештан ҳар савсанеро!
Яке з-ин барзане нороҳ баршав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро.
Дили ман арзане, ишқи ту кӯҳе.
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?!
Бибахшо, эй писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Биё, инак нигоҳ кун Рӯдакиро,
Агар беҷон равон хоҳӣ танеро.

Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам,
Ки номи неки ту дом асту зарқ мар нонро.
Касе, ки дом кунад номи нек аз пайи нон,
Яқин бидон ту, ки дом аст нон-ш мар ҷонро!

Кас фиристод ба сир-андар айёр маро,
Ки макун ёд ба шеър-андар бисёр маро.
В-ин фижаҳпир зи баҳри ту маро хор гирифт,
Бираҳонод аз ӯ эзади ҷаббор маро.

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро,
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.
Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ,
Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро. 
Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои номаи ту, 
Агар бибинам бар мӯҳри ӯ нигини туро.
Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,
Агар нагирам рӯзе ман остини туро.
Агарчи хомӯш мардум, ки шеър бояд гуфт,
Забони ман бар вай гардад офарини туро.

Ба ҳақ нолам зи ҳиҷри дӯст зоро,
Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро.
Қазо гар доди ман настонад аз ту,
Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро.
Чу ориз барфурӯзӣ, мебисӯзад,
Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро.
Нагунҷам дар лаҳад, гар з-он ки лахте,
Нишинӣ бар мазорам сӯгворо.
Ҷаҳон ин асту чунин аст, то буд,
Ва ҳамчунин бувад, инанд боро!
Ба як гардиш ба шоҳаншоҳӣ орад,
Диҳад дайҳиму тоҷу гӯшворо.
Ту-шон зери замин фарсуда кардӣ,
Замин дода мар эшонро зағоро. 
Аз он ҷонбӯз лахте хуни раз деҳ,
Сипарда зери пой-андар сипоро!

Зиҳӣ, фузуда ҷамоли ту зебу ороро,
Шикаста сунбули зулфи ту мушки сороро.
Қасам бар он дили оҳан хӯрам, ки аз сахтӣ
Ҳазор тарҳ ниҳодаст санги хороро,
Ки аз ту ҳеҷ мурувват тамаъ намедорам,
Ки кас надида зи сангиндилон мадороро.
Ҳазор бор худоро шафеъ меорам,
Вале чӣ суд, чу ту нашнавӣ "Худоро”-ро?!
Чу Рӯдакӣ ба ғуломӣ қабул агар бикунӣ,
Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро.

Ҷаҳоно, чунинӣ ту бо баччагон,
Ки гаҳ модарӣ, гоҳ модандаро!
На подир бояд туро, на сутун,
На девори хишту на з-оҳан даро!

Пӯпак дидам ба ҳаволӣ(и) Сарахс,
Бонгак барбурда ба абр-андаро.
Чодараке дидам рангин бар ӯ,
Ранг басе гуна бар он чодаро!

Гар ман ин дӯстии ту бибарам то лаби гӯр,
Бизанам наъра, валекин зи ту бинам ҳунаро.
Асари мир нахоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон,
Мир хоҳам, ки бимонад ба ҷаҳон-дар асаро.
Ҳар киро рафт, ҳамебояд рафта шумарӣ,
Ҳар киро мурд, ҳамебояд мурда шумаро!

Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1868 | Рейтинг: 2.0/3