Мо солхӯрда ҳастем ё сол хӯрда моро?
Мо солхӯрда ҳастем ё сол хӯрда моро? Мо умр бурда бар сар ё умр бурда моро? Мо ҷонсупор будем дар ҳоҷати замона, Ё азми ҷонсупорӣ осон супурда моро? Бо ёри норпистон хуфтем, ғофил аз он Ҳамчун анори ширин дасте фишурда моро. Роҳи дароз тай шуд дар умри кўтаҳи мо, Роҳе фасурда кардем ё раҳ фасурда моро? Дар пеши чашми хуршед ҳарчанд кам набудем, Кам дида чашми камбин, камтар шумурда моро. Гумкардаҳои моро ҳар зиндадил биёбад, Дилмурдагон валекин хонанд мурда моро! ******* Ин нону оби чарх чу сел аст бевафо Ин нону оби чарх чу сел аст бевафо, Ман моҳиям, наҳангаму Уммонам орзӯст! Яъқубвор «воасафо!»-ҳо ҳамезанам, Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзӯст! Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад, Оворагии кӯҳу биёбонам орзӯст! З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт, Шери Худову Рустами Дастонам орзӯст! Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ, Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзӯст! З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул, Он ҳоюҳуву наъраи мастонам орзӯст! Гӯётарам зи булбулу аммо зи рашки ом Мӯҳр аст бар даҳонаму афғонам орзӯст! Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, К-аз деву дад малуламу инсонам орзӯст! | |
Просмотров: 1405 | |