Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Среда, 25.06.2025

Туро гум кардаам имрӯз
Туро гум кардаам имрӯз,
Аё, шаҳзодаи зебо.
Зи ҳиҷронат дилам пурсӯз.
Намесозам чаро пайдо.
Ту, эй ишқи баҳоролуд,
Ту, эй армону тамкинам.
Ба сар девонаги афзуд,
Туро дигар намебинам.
Туро гум кардаам.аммо.
Суроғат мекунам ҳар дам,
Ҳабиби ҷони ман, боз о,
Ман аз доғи ту дамсардам.
Дар оғӯши ки мебоши,
Намедонам куҷо рафти,
Зи шаҳри ишқи ман берун.
Чу абр андар ҳаво рафти.
Туро гум кардаам имрӯз,
Магар ин аст тақдирам.
Дареғи ман, дареғ, афсӯс,
Ки бо ёди ту мемирам имрӯз.
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1508 | Рейтинг: 2.0/1