Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Среда, 25.06.2025

Зи дасти зиндаги.
Мо аз гами ин зиндаги аз чон бимондем.
Зодему зи зодаги пушаймон бимондем.
Умре,ки ба инсон бубахшид Худованд,
Дар умри азиз бесару сомон бимондем.
Дар хоки Ватан насиби зистан ки нашуд,
Мо мулки дигар сархаму сарсон бимондем.
Андеша накардему бирафтем зи Ватан,
Аз кардаву нокарда пушаймон бимондем.
Модар-падаре,ки моро дастгир буданд,
Мо гарки гунох ба назди онон бимондем.
Кисмат,ки дар ин умри чунин омадааст,
Мо руи чахон хору парешон бимондем.
Бо белу каланд аз паи лукмаи рузи,
Бо музди басо ночиз нотавон бимондем.
Ин духтари точик бо ин аклу фаросат,
Полшуяки русхо шуда хайрон бимондем.
Бар мо,ки ба чашми бад,чун менигаранд,
Эй хамватанон, туъмаи морон бимондем.
Харруз ба хама халк бигуянд хабари нек,
Мо бехабару,бепару,урён бимондем.
Бар хар зану хар марди мусалмон бигуям,
Бе гуру кафан пеши ракибон бимондем.
 
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1510 | Рейтинг: 0.0/0