ТУРО МАН ДУСТ МЕДОРАМ
Туро ман дуст медорам ту медони ту медони. Ба савдоят гирифторам ту медони ту медони. Туи бедории шабхо туи парвози матлабхо. Ту нури чашми бедорам ту медони ту медони. Дигарборам бикун афсун бигу афсонаи мачнун. Туро бо чон харидорам ту медони ту медони. Ало эй шуриши дилхо ало шахзодаи зебо. Туи ёрам туи ёрам ту медони ту медони. Парии ё малак ё хур ва ё олихаи аз дур. Зихи ё раб туро дорам ту медони ту медони. Насими масти буи ту ба доми шасти муи ту. Ту бар хасти сабабгорам, ту медони ту медони
| |
Просмотров: 4920 | |