Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 09.02.2025

Шеъри Ошики
Туро бар сина чо кардам ба чонам ошно кардам.
Маро аз худ бадар карди худо хофиз.
Ало ай рахнамои дил маро афканда пой бар гил.
Рахи худро дигар карди худо хофиз.

Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи гам парво надори.
Туро ман бар худо меспорам имшаб.

Дил гадои дигареву ман гадои дигаре,
Дил адои дигареву ман адои дигаре.
 
Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост,
Дил фидои дигареву ман фидои дигаре.

Агар сад сол ҳам ҷӯӣ, маро дигар намеёбӣ,
Шабу рӯзон худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ.
 
Ба роҳи ман чу пойандози махмал ҳар саҳаргоҳе
Ба сони сабза ҳам рӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

Алло ёрчон каду бастат маро кушт
 Алло ёрчон каду бастат маро кушт
 Илохо дар шаби хобам дарояд.
 Ишора кардани чашмат маро кушт!

Эй дил ки давидию давиди бас кун
Аз муи сарат сафеди диди бас кун
Хар чанд ки давиди аз паи лоларухон
Аз лоларухон чизе надиди бас кун

Дил дар хами зулфи дилбарон аст хануз,
Афсонаи ишк дар миён аст хануз.
Гуфтем,ки мову дил яке пир шавем,
Мо пир шудему дил чавон аст хануз.

Мухаббат ин кадар хорам намуди.
Бо як дидори у зорам намуди.
Надонисти муносиб ишки уро.
Чаро бар калби зорам чо намуди?

Бароям мехрубоният кучо шуд?
Мухббатхои чоният кучо шуд?
Зи чашму руи ман, эй чони ширин,
Ду чашми осмоният кучо шуд?

Туи дармони дардам, эй гули ман,
Давои ранги зардам, эй гули ман.
агар ои ба пеши гурам, эй мох,
Ба буят зинда гардам, эй гули ман.

Дигар ишку вафоятро нахохам ман начуям ман.
Гули бебуи богатро нахохам ман, набуям ман,
Сухан гуфтам зи бахри ту, аз ишки навчавониям,
Бароят шеъри ишкамро, нахохам ман нагуям ман.

Мешавам хушхол гар бинам туро.
Чехраи гулбарги тар бинам туро .
Пеш аз он чун гунчае медидамат.
Хохам аз ин бехтар бинам туро.

Ман руи туро ба мохи тобон надихам,
Лаьли лаби ту ба дурру марчон надихам.
Лаьли лаби ту агар ба дастам ояд,
Киммат хараму бахои арзон надихам.

Ошикон аз дидаи дилдор хушнуданду лек
Даври хушкомии онхо он кадар бисёр нест.
Кимати моро шикасти бо хазор озори хеш.
Гарчи моро нисбати ту заррае озор нест.

Мерасад рузе маро ёдам куни.
Хар кучо биншаста фарёдам куни.
Бо ду се байте, ки гуфтам бахри ту,
Хар замоне хонию шодам куни.

Ин коса,ки ман бо лаби ту меорам,
Не аз паи шодию тараб меорам.
Чашми сияхи ту рузи ман кард сиёх,
Рузи сияхи хеш ба шаб меорам.

Умре, ки вафо кардам бар чабру чафои ту,
Дигар, ки чи хохам кард бар кисмати пешони.
Дар ишки ту дидам ман гавгои киёматро,
Чоне, ки ба лаб омад кай рафт ба осони.

Он қадар хоҳам бароят сӯхтан
чун чароғони шабони иди ту,
то биафзоям зи шеъри оташин
Шуълае бар оташи ҷовиди ту.

Ин рози нихониро ту гуфтиву ман гуфтам.
Ин дурри маъониро ту суфтиву ман суфтам.
Акси хама гамхоро чун доги дилозори
Аз дида ба сад хори ту руфтиву ман руфтам.

То рахна ба мулки дилрабои накуни,
Касро ба висол худнамои накуни.
Чун хуи фаришта дорию шакли пари,
Бояд,ки ба мардум ошнои накуни.

Точикдухтар,чи гуна чашмон дори,
Пайваста ба даври у чи мичгон дори.
Чашмат охусту абруят тиру камон,
Сайде паи сайд ба сомон дори.

Омадам то лахзае чашмам ба чашмонат занад.
Лаб ба лаб бигзораму мижгон ба мижгонат занад.
Бекарор аз чашми мастат ин дили девонаам.
Себи фикрам афтаду дар чохи домонат занад

То чон дорам аз ту чудои накунам,
Чуз гайри ту бо кас ошнои накунам
Бо ваъдаву пайгоми ту шинам сад сол
Сад соли дигар аз ту чудои накунам.

Ман гиёхи навбахорам шамси тобонам кучост?
Булбули шурида хастам богу бустонам кучост?
Лоласон дар калби ман доги гароне хуфтааст.
То бишуяд доги дил он абри найсонам кучост?

Ёри ман хуб асту аммо расму оинаш бад аст.
Бо бадон хуб асту бо некон бад аст инаш бад аст.
Менишинад маслихатро бо ракибон мекунад.
Маслихат хуб асту аммо маслихатчиаш бад аст.

Дилам аз ишки ту афгор гашта.
Чу кохе бар тани девор гашта.
Зи сели ашки ман девори богат.
Фитода дар замин хамвор гашта.

Ин зулфи мусалсалат балои дили ман,
Ин холи лабат укдакушои дили ман.
Ман дил ба ту додам,барои дили ту,
Ту дил ба касе мадех,барои дили ман.

Дилам хохад хамеша мунису гамхори ман боши.
Тасаллои дили хунгаштаи афгори ман боши
Ба зери хоки пои ту кунам чонро нисор эй гул.
Агар боре табиби синаи бемори ман боши.

Дар сабзаи рӯ гулоб мепошӣ ту,
Дар барги лаб атри ноб мепошӣ ту.
Борони баҳори сунбулат аз атр аст,
Атре,ки ба мисли об мепошӣ ту.

Ту рафти олами хасти дигар шуд.
Дили девонаям девонатар шуд.
Чунон аз дарди хичронат гиристам.
Замин дар зери по аз гиря тар шуд.

Туро гуфтам, ки ман ёри ту мешам,
Дар ин олам харидори ту мешам.
Агар дасти паризоде бигирам.
Якин донам, ки ман зори ту мешам.
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 2334 | Рейтинг: 2.5/2