Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 02.02.2025

Шеъри Ошики (2)
Рафти зи барам эй гули раънои бахорам.
Монди ту ба дил догу аламхо ба канорам.
Чун муи сиёхат хама рузам намуди шаб.
Чун зулфи парешони ту гум гашт карорам.

Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст,
Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.
Боз поён мешавад ин шоми беболиниям,
Чуз Худо дар ин чаҳон аз тухми Одам тоқ нест.

Чашм то барҳам задам, умрам зи сй бигзаштааст,
Гарчй дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом.
Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас,
Роҳи хуршедам бипоям, рузҳо то пайки шом.

Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест,
Сабз гардад боз рузе бусаҳои дигаре.
Зиндагй бо созҳояш, сузҳое дар бағал,
Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре.

Ҳалқа месозад миёнатро ба шавқ гар ёри ту,
Ёд овар, ҳалқаҳои муйи ту дар гарданам.
Гар бубахшй накҳате дар бистари у аз висол,
Ёд овар, дар чудоиҳо ба фурқат мурданам.

Ҳуруфи ишқро дар дафтари ғам,
Паси ҳам чида-чида зор гирям.
Намояд нақши руйи ёри саркаш,
Қаламро баҳри ҳадя месупорам.

Дар оғӯшат бисӯзон оташи ман,
Ба шарте синаат оташ бидорад.
Магар дар синаат хоҳиши ҷонсӯз,
Бароям ҳар чӣ хоҳам, он чӣ дорад?

Менависам бар китоби чашми ту.
Бо каламхои нигохи гарми хеш.
Бех зи чонам дусттар дорам туро,
Мефишонам пеши поят калби реш.

Имшаби ман боз бе огуши ту,
Андар огуши садокат мурд, мурд.
Ишки ман човид бимонад, то абад,
Мехри ту андар хиёнат мурд, мурд.

Пазмони туам, вале ту пазмони дигар.
Курбони туам, вале ту курбони дигар.
 
Чун ноз кунй, ба чону дил макбулам,
Чонони манй, вале ту аз они дигар.
 
Бо ёди ту шаб, руз ба фармони туам,
Аммо ту чаро барои фармони дигар?

То ту ба додам мерасй, оxам ба кайвон мерасад,
То ту ба kадрам мерасй, умрам ба поён мерасад.
То ёри роxам мешавй, аз роx берун мешавам,
То мушкил осон мекунй, сад марги осон мерасад.
То ёд меорй зи ман, бе ёд меафтам зи дард,

Тарки ёри кардиву ман хамчунон ёрам туро.
Душмани чониву аз чон дусттар дорам туро.
гар ба сад хори чафо озурда сози хотирам.
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.

Туро бар сина чо кардам ба чонам ошно кардам.
Маро аз худ бадар карди худо хофиз.
Ало ай рахнамои дил маро афканда пой бар гил.
Рахи худро дигар карди худо хофиз.

Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи гам парво надори.
Туро ман бар худо меспорам имшаб.

Зиндагию бандаги санчиш бахри одам аст,
Одаму одамгари суннати пайгамбар аст.
Ошики чун бутпарастист, бутпарасти норавост,
Ишк танхо бар Худою бар Расулаш бошад равост!!

ЛАБИ ДАРЁ НАСИМИ ТОЗА ДОРАД,
МУХАБАТ ХАМ ДАРУ ДАРВОЗА ДОРАД,
КАСЕ КИ КУШОЯД ДАРВОЗААШРО,
ДАР ОЛАМ ШУХРАТУ ОВОЗА ДОРАД.

Яхи болои дареро шикастам.
Ба васфи хандахои гарми Навруз.
Хама дар зиндаги устод доранд.
Манам дар ишк шогирди худомуз.

Ту рафти мавчхои сохилат монд.
Ту рафти хастрати бехосилат монд.
Паи дандони ту рафт аз лаби ман.
Валекин догхояш дар дилам монд.

Эй фалак то ба чанд хун борам?
Рахм овар бад-ин дили зорам.
Рузам аз гусса гашт чун шаби тор,
Корам аз даст рафту даст аз кор.

Дилам парвардаи ғамхои ишк аст, 
Нигохам охуи сахрои ишк аст. 
Вале бо ин хама ишкошнои 
Намедонам кучо маьвои ишк аст.

Чун аз дари дил шухи пари чехра назар кард,
Ох ин чи назар буд ки бар чон асар кард.
Он шуълаи ишк буд ба суи мани хуфта,
Бо равшанияш шоми маро вакти сахар кард.

Навои ишки мо ночур монад 
Чароги бахти мо бенур монад 
Надонистем кадри якдигарро 
Ду дасти мо бурун аз гур монад.

Ин ишки синасуз,ки иньоми зиндагист, 
Як ғулғула дар олами ороми зиндагист. 
Оғози у хуш аст,ки оғози бахти мост, 
Анчоми у мабод,ки анчоми зиндагист.

ДУРИ ЗИ МАН ЗИ МАН САЛОМАТ БОДО 
ЧОНУ ДИЛИ МАН ФИДОИ НОМАТ БОДО 
МАН БЕ ТУ НАФАС НАМЕКАШАМ ДАР ОЛАМ 
ТУ БЕ МАН НАФАС КАШИ ХАРОМАТ БОДО !!!

Шабхо гузарад, ки дида натвонам баст,
Мардум хама дар хобу манн аз фикри ту маст.

 Ба сари зулфи дарозаш на дили шайдо рафт,
Чону сар низ хама дар сари ин савдо рафт.

Имрузи дигарам ба фироки ту шом шуд,
Дар интизори васли ту умрам тамом шуд!
Омад намози шому наёмад нигори манн,
Эй дида пос дор, ки хобат харом шуд!
Танхо на манн ба донаи холат мукайядам,
Ин дона хар ки дид, гирифтори дом шуд.
Номам ба ошики шуду гуянд тавба кун,
Тавбат кунун чи фоида дорад, ки ном шуд.

Хар соатам андарун бичушад хунро,
В-огохи нест мардуми берунро.
Илло магар он ки руи Лайли дидаст,
Донад ки чи дард мекушад Мачнунро?

Ошик шудаам гунохам ин аст,
Дарди дили бепанохам ин аст.
Чуз дард наруяд аз гили манн,
Ман боги гамам гиёхам ин аст

Чи дони, ки дар ботин чи шоҳе ҳамнишин дорам…
Рухҳои заррини ман мангар, ки пойи оҳанин дорам.
Бад-он шаҳ, ки маро овард, ба кулли руй овардам,
В-аз он, к-ӯ офаридастам, ҳазорон офарин дорам
..Кабутархонае кардам кабутарҳои ҷонро
Бупар, ай мурги ҷон, ин сӯ, ки сад бурҷи хасин дорам.
Шуъои офтобаи ман агар дар хонаҳо гардам, 
Акику зарру ёқутам, валодат зи обу тин дорам.
Ту хар гавҳар ки мебини, биҷӯ дури дигар дар вай,
Ки гар зарра ҳамегӯяд, ки дар ботин дафин дорам.

Гарчи ишқат ҷониби дардам ҳидоят мекунад,
Ёди рӯят хотири моро кифоят мекунад.

Лаззати дидори шабнам рӯи гул як лаҳза буд,
Ту магар диди, ки ӯ боре шикоят мекунад

Хобро дар рӯ ба рӯ биншонда қалбам то ҳанӯз
Қиссаи ҷодуи чашматро ҳикоят мекунад

Барги сабзе аз садоқат боғи ишқи ту надошт
Як сабад аҳди вафоро пеши поят мекунад
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 2185 | Рейтинг: 0.0/0