Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 09.02.2025

Насиҳат ба хонадон
Ба одам бахту давлат ёр гардад,
Ҳамеша хурраму ҳам шод гардад.
Нишони бахту давлат хонадон аст,
Агар дилдор соҳибхона гардад.
Вафову оқилу ширин забонӣ,
Агар одам ба ин се роҳ гардад.
Агар марде бувад бадхӯву кирдор,
Наёбад рӯзи шодӣ хор гардад.
Зане, ки бадзабону бе фаросат,
Ҳаёташ талху бе бунёд гардад.
Зане, ки бахту давлатро бихоҳад,
Ба ёраш дилбару ғамхор гардад.
Агар зан хор дорад шавҳари худ,
Барои бахт чашмаш чор гардад.
Барои пӯшидану хӯрдан он зан,
Вале он доимо афгор гардад.
Ба мард лозим ки қадри зан бидонад,
Надонад қадри зан сарсон гардад.
Занон дар хонадон мисли чароғанд,
Набошад зан агар зулмот гардад.
Забонро марду зан бояд нигоҳ дошт,
Ки аз алфози бад вайрон гардад.
Агар ду ёри ҷони ҷонпайванд,
Ҳамеша хонадон обод гардад.
Барои симу зар мафрӯш касро,
Зи нокас бахти ту барбод гардад.
Ғурури давлат нокас машав ёр,
Ба андак вақт торумор гардад.
Агар хоҳи ту давлат бахту иззат,
Дили шавҳар мараҷон-ёр гардад.
Ки аз ҷои набудаш ҳар чи хоҳӣ,
Зи нокас марди ту қарздор гардад.
Ки ҳасту нести хона худат дон,
Ба охир хонадон обод гардад.
Ҳамеша сӯҳбати некон ҳавас кун,
Муродат ҳосилу дил соф гардад.
Ба неки хӯ куну аз бад ҳазар кун,
Пас аз ту номи некат ёд гардад.
Вафо аз умри дунё кас надидас,
Ба зери хок одам хок гардад.
Агар қадри касеро кас надонад,
Ки охир он ба одам зор гардад.
Вафо бар ваъда кун боши вафодор,
Ҳамеша иззату шарофат ёр гардад.
Касе ки бевафову ҳам ҷафокор,
Саг аз ӯ беҳтараст, шармсор гардад.
Ҳазар кун доимо аз сӯҳбати бад,
Касе бад бувад бадном гардад.
Бимонад дар ҷаҳон номам ба некӣ,
Тамоми мардумон дилшод гардад.
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1638 | Рейтинг: 0.0/0