Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 02.02.2025

Модар
Ту монанди замин танхои модар,
Ту монанди замин яктои модар.
Заминро хар кадар чун моли мероси,
Миёни хам басо таксим карданд.
Заминро китъа-китъа хар кадар фарзандхои ту,
Барои хамдигар такдим карданд.
Вале як руз донистанд:
Замин кисмат наход шуд,
Замину осмон, хуршеду мах,
Мисли дили ту, мисли мехри ту,
Миёни кудакон кисмат нахохад шуд.
Хама хуршеду мах доранд,
Хама бо худ замину осмон доранд.
Вале аслан маху хуршед,
Вале аслан замину осмон,
Монанди ту яктою танхоянд.
Чунонки хар касеро зодгохе хаст,
Рахе сарманзиле меодгохе хаст.
Вале бахри хама Модар-Ватан яктост,
Ту хам аз бахри мо яктои, эй модар.
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 2237 | Рейтинг: 4.0/1