Ғазал
Биё чоно барои оини ислом бинолем, Ду дида хунфишон бинмуда хуношом бинолем. Барои пораи нон муъмин имруз дини худ бифрухт, Ба суги муъмини беномусу бадном бинолем. Шуда гофил зи рохи хак гирифтори хавову нафс, Зи бахри дини гавхарсон шуда гумном бинолем. Амал охир кучост бо амри Курон суннати воло, Барои хар амал бо гуфтаи Иблиси бадном бинолем. Адаб нест дар чавонон аз фуюузи илми рахмони, Барои хар чавони дур зи хак ноком бинолем. Хаёву иффат аз душизаи исломи барбод аст, Барои хар зани афтода андар дом бинолем. Надорад суд панд имруз насозад гуш суханхоят, Барои хар кари аз таълими ислом бинолем. Бубин Довуд чахонро гафлате аз хак фаро бигрифт, Кучо тавфик, кучо инсоф, кучо ислом бинолем...
| |
| Просмотров: 1578 | |