Шеъри ошики (3)
Хуморе андар ин майхонахо нест Майи софе дар ин паймонахо нест Шикаста чоми Чам дар санги гафлат Нишон аз у дар ин вайронахо нест Хароботй намонда дар харобот Танини сухбати фарзонахо нест Ба даври шамъи ин шабзиндадорон Дигар худсузии парвонахо нест Чаманхо холй аз товусу кумрй Садои чучае дар лонахо нест Чу хубонро ба му кайчй савор аст Сари зулфе ба дасти шонахо нест Аз он ишку сафову сидку ёрй Ба чуз лафзи хуши афсонахо нест Ошики чашмат шудам,гуё чахон муъчиз шуд, Бас мукофоти пушаймони маро чоиз шуд. Чашмаи илхоми шеърам хушк гашту окибат , Аз гаму бехобихо дар сар хароби тез шуд. Дил, ки худ девона шуд, худро ба хар паймона зад, Охирон озурдае, афсурдае, ночиз шуд. Сустиродат будаам,ки сири дил пинхон намонд, Номи ман дар гайбати мардум ба сад фоиз шуд. Хостам,дар навбахорон киссаи ишкат шавам, Навбахори ишки ман хайфо,ки зуд пойиз шуд. Хофизони ишк бисёранду хар чо, гуиё, Зог чои булбулеро дар чаман хофиз шуд. Дусти гамхори ман пандам дихад: "Ошик машав!", Чун кунам,ки дил ба пеши хусни ту очиз шуд! Туро ки ёд кардаам хумори куи ту гирифт, Ба куи ту расидаму хаёли руи ту гирифт. Ба вакти бас надиданам чамолу хусни дилбарат, Дилам хавои шуд, хавас ба чустучуи ту гирифт. Зи ман гуреза мешави, ба ман ситеза мекуни, Камони ишки душманам нишони суи ту гирифт. Ба зангу гуфтугуи ман ту ханда мекуни, вале Маро чи гиря аз гулу зи гуфтугуи ту гирифт. Ба буи гул дигар хавас намекунам,ки он нафас Хавои хонаи дилам чу атри буи ту гирифт. Кушам хамон нигохро ,ки суи дидаат кунад, Ва рашки шонаро кунам, ки мавчи муи ту гирифт. Чи ошики забониам, чи марди шишачониам, Ки сакта дар забони ман зи ру ба руи ту гирифт. **** Зиндагиям,хастиям,сулху салохам модарам, Шодиям,хурсандиям,пушту панохам модарам. Дар чавони кадри ту ман хуб надонистам дарег, Дар набарди зиндагони бегунохам модарам. Гарчи умре нола кардам ман зи хичрони падар, Нолаву хомушиву фарйоду охам модарам. Хоки пойат тутийои харду чашмони ман аст Ашки ман бо мехр шусти аз нигохам модарам. Бахри ман ту шахсутуни дар чахони бесутун, Дар дами афтоданихо такягохам модарам. Гуфта шеьре бар ту хонам,лек аз он болотари, Аз дуоят нур борад руйи рохам модарам. Пеши ту чун дигарон дилро набикшодам вале, Доги дилро хондаи ту бахтхохам модарам. Бе ту бошам ман гадое бо хама дороиям, Эй ба мулки мехру шавкат подшохам модарам. Дар хама давру замон бо ман ту якруй мондаи, Дар шаби зулмат ба рохам хамчу мохам модарам. Дони хар як дарди манро аз табибе бештар, Рушанибахши хама рузи сийохам модарам. Ин газалро гуфта шуд Максудали вакти сахар, Хонда онро бахри модар хар пагохам модарам. ***** Ғазали наврӯзӣ Наврузи ачам омада хуш бар Ватани ман, Гулхои Ватан руида хуш дар чамани ман. Бишкуфта дарахтони Ватан хамчу арусон, Хобида чи хуш сабза ба дашту дамани ман. Булбул ба наво муждаи наврузй расонад, З-он мужда ба ракс омадааст чону тани ман. Навруз муборак, айо мардуми кухсор, Шояд бубарад боди сабо ин сухани ман. Сарсабзии сарву гули зардолуи чун канд, Ин муждаи сарсабзии ачдоду бани ман. Гулхои хазонгашта бируянду бисабзанд, Хам лолаву райхону гули йосумани ман. Эй кош хамерустй чу гулхои бахорй, Ширинсухани ман,шахи гулгункафани ман. Чандест гарибона басар бурдаам умре, Эй бод бийор накхати мушки Хутани ман. Аз хачри Ватан ин дили Максудалй сузад, Эй войи дилу войи ману хамватани ман.
| |
Просмотров: 2291 | |