Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 09.02.2025

Эхтироми мо
Чи буи форам, эй дуст,мерасад андар машоми мо,
Мароми табрикоти наврузи, дар хар каломи мо.

Хама андар Ватан, доранд чашни иди наврузи,
Вале афсус, дар гурбад, бувад имруз макоми мо.

Дар"интарнет"ки мо бо хамдигар табрик мегуем,
Аз оне, ки Ватан бошад умеди мо, мароми мо.

Гариби куи дигар гаштаем имруз мо ёрон!
Тамасхур мекунанд, инхо, ба ному эхтироми мо.

Агар чанде,ки "Гастарбайтр"-он гуянд, чун моро!
Валекин дар Ватан, донанд кадру эхтироми мо.

Ту,ки"Гастарбайтр"-он мегуиву"Чамшуду-Равшан"хам,
Аз он,ки зиндаги талх гаштааст,имруз ба коми мо.?!

Ту,эй аблах намедони,ки Точик кисту,кадраш чист?!
Чахон бин,фахр дорад бо Сино-ву бо Хайёми мо.

Гариби ё,ки гурбат ин гунохе нест,эй дустон!
Чаро,пас мекунанд бад аблахон имруз номи мо.

Машав гамгин ту,эй Дарвеш,ки охир мерасад рузе-
Намоянд кадри мову хурмату хам эхтироми мо.
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 2195 | Рейтинг: 3.1/7