Ба ман ҷабру ҷафо карди ту ҳам ҷабру ҷафо бини
Ба ман ҷабру ҷафо карди ту ҳам ҷабру ҷафо бини, Ситамҳо носазо доди ситамро бо сазо бини. Намакҳои лабонамро чашида пеши по карди, Намакҳои лабам гар зад ту қадрат пеши по бини, Дили пурорзуямро ба мисли шиша бишкасти. Ба қалби ғуссаву армон маро аз худ чудо бини Ниҳоли ишки ман хуш шуд зи оби дидаҳои ман, Дарахти ишқи нопокат ба боғи бевафо бини. Ба роҳам хор биншонда ба фарқам шох мемонди, Мазан ҷоно ба ман писханд, агар рузе маро бини Ба дарди ишқи ту будам, кунун аз ҷабри ту сузам, Худатро, мешавад рузе, ба ин дард мубтало бини. Нафорид имтиҳон кардам, мани Охан чи лоикам, Ки буди норизо аз ман, ризоги аз Худо бини.
| |
Просмотров: 1251 | |