Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 02.02.2025

Шеъри ошики (4)
Умрат ба сар расид ба сомон намешави, 
Ва аз кардахои хеш пушаймон намешави, 
Куръон каломи уст бихону бишнави, 
Лекин чи суд пайрави Куръон намешави.  

Гар бар сарам санг ояд дуст медорам туро, 
Зиндаги гар танг ояд, дуст медорам туро. 
Зиндаги сад ранч дорад ранчхои бешумор, 
Бо хазорон ранчхояш дуст медорам туро.

Ёд дори боги ошиконро, 
Шукуфтаи гулхои гулзорро. 
Ёд дори интизорам мешуди, 
Рост бигу дуст медори маро.  

Азизам, ту гули боги бахори. 
Манам _________ мекашам интизори. 
Аз дур бишунав садои дили ман, 
Ки оху гиряву нолаву зори.  

Ситораи сахари руи шумо, 
Бо нуги калам кашида руи шумо, 
Хар чо, ки равед Худо нигахбони шумо, 
Ман духтари «Истаравшан»-и тарафдори шумо.

Точикдухтаре чи гуна чашмон дори, 
Пайваста ба довру чи мичгон дори. 
Чашмонат охусту абруят тири камон, 
Сайде паи сайд ба сомон дори.  

Дуст медорам туро, то чон дорам дар бадан, 
Хам ба чону хам ба нону хам ба вичдонам касам. 
Ошик шудам, ишки покам зери по шуд, 
Ёрам бевафои карду ба дигар ёр лшно шуд.

Агар ёбам чавониро дубора, 
Туро танхо туро мехохаму бас. 
Ба хар кисмат ба хар кимат ки бошад, 
Туро харгиз нахохам дод аз даст.

Гар садое бишнавам мегум к-ин садои туст, 
Гар нигохеро бубинам мегум, к-ин нигохи туст. 
Касам эй бахори зиндагии ман, 
Бидон ин чони ширинам фидои номи туст.

Туро хусни некуву дилнишин бод, 
Хушиву некрузихо карин бод, 
Зи калбат гуссаву гам дур карди, 
Хаётат мисли номат нозанин бод.

Ту бишниди садои ман, 
Шуди ошик барои ман. 
Чудоиро ту медони, 
Намебахшад Худои ман.  

Салому сад салом, эй кабки мастам, 
Миёни чурахоят дил ба ту бастам. 
Миёни чурахоят боши саломат, 
Дуогуи ту хастам то киёмат.

Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 16227 | Рейтинг: 2.5/51