Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Воскресенье, 02.02.2025

Аё модар
Аё модар ту будиву буд бароям ин офтоб хандон, 
Аё модар ту будиву буд бароям хар лахзае шодон. 
Ту будиву нафахмидам ман гами ин зиндагониро, 
Ва хар лахза хис мекардам ман бахти човидониро. 
Агарчи дар синну сол чу марде дар камол будам, 
Вале ман дар канори ту чу кудак бе хаел будам. 
Агарчи назди ман буданд ширин кудакони ман, 
Вале ман дар канори ту кудаквор хушхол будам. 
Аё эй модари ширин, аё эй модари дилсузу гамхор, 
Ва буд гамхориат бахрам чунон хам дилкашу бисер. 
Ки гуё ин бихишт буду ва ман низ дар бихишт будам, 
Ки гуё то абад бо ин як, чунин як сарнавишт будам. 
Вале ту рафтиву рафт аз ман он бахти човидониам, 
Вале ту рафтиву рафт аз ман хушхол зиндагониам. 
Ту рафтиву рафтанд бо ту лахзахои шодмониам 
Ту рафтиву рафтанд бо ту хам овони чавониам 
Ту рафтиву пас аз чанде сафеди зад бар муям 
Ту рафтиву пас аз чанде пурожанг шуд абруям 
Агарчи пеш бишнидам - дили обу чигар бирен 
Вале тасвир намекардам ин холе ба худ чандон 
Кунун ман менависам ин мисрахо бо дидаи гирен 
Гуё чун катрахое аз дили обу хам чигари бирен
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 1998 | Рейтинг: 2.0/3