Барои Шохзодаи Ошикон (2)
АГАР ИШК НАМЕБУД ГАМ НАМЕШУД. ГАМ ДАР ДИЛУ ДАР ИН ОЛАМ НАМЕШУД. ЧИ ШИРИНИЮ ТАЛХИХОИ ИШК . ДАР ИН ОЛАМ ИШК КИСМАТИ ОДАМ НАМЕШУД 14)Миёни мо хар он чи буд, чашмони ту медонад, Гар оташ буд ё хам дуд, чашмони ту медонад. Дили шаб буду чоми бодаву дилхои мо ташна, Мухаббат хар чи мефармуд, чашмони ту медонад. Дили ман руи дастад метапид аз шодии огуш, Зи ту осуд ё фарсуд, чашмони ту медонад. Чи хорихо ашколуд кардам пеши дидорат, Чи зорихои мехролуд, чашмони ту медонад. Ба куят як кадам рах буд аммо бо хазорон бим, Чи раххое дилам паймуд, чашмони ту медонад. Ба дидорат агар дер омадам, таксири такдир аст, Валекин аз чи рафтам зуд, чашмони ту медонад. Оламе ояд дар огушам, чу огушад кунам, Лаб занад бахтам, чу буса аз лаби нушад кунам. Мурдагон аз хок бархезанд бо сад доги ишк, Лахзае, к-аз бусахои гарм бехушад кунам. Дар барам хуршеду бар душам мах ояд аз фалак, Соате, ки бусачини аз бару душад кунам. Сад бахореро, хазон бини агар дони, ки ман, Бо гули уммедхои хеш гулпушад кунам. Ман, ки аз дурии ту бо духтари раз ошикам, Орзу дорам ба базми дил кадахнушад кунам. Дон, ки Лоик мурду аз у мисрае боки намонд, Як нафас гар бо дили Шайдо фаромушад кунам. Ҳазорон қиссаҳо хондам, ҳазорон қиссаҳо гуфтам, Валекин қиссаи худро зи байти чашми ту хондам. Даруни бистари чашмат шабе нағунчид, аммо дил, Чу кӯдак вақти лолоӣ сари гаҳвораат мондам. Ту бепарво, ту бепарво зи ханҷарҳои мижгонам, Ба пеши по-т хуни дил зи роҳи дида бифшондам. Сигори лаб тараб сӯзад, дили ман нимашаб сӯзад, Чу дуди ваҳшии фаҳшӣ даруни синаат мондам. Чу ғунча парда бидридам, чу девона бирақсидам, Ҳамаро ҷуз ба ёди ту зи кунҷи хонаам рондам. Чароғак сӯхта дар роҳ, ба ҳам бархӯрд ду мошин, Чу мошин баъди дилсӯзӣ, дили дигар набиншондам. Мане як дил насибам шуд, ба яғмо бурдиаш, бераҳм! Дилатро соҳибӣ кардан, худоё, ман набитвондам! Бирав ҳар ҷо, ки мехоҳӣ, чу сайри дуди танбоку, Валекин дар димоғи ман, ману атри лабат мондам.
| |
Просмотров: 1737 | |