БИЁ, МУНОЧОТЙ БОШЕМ…
Дар ин шоми яъсомези пойизй, Ки дар фазояш овои барги нукрагин Дарду ох, мекашад, Биё, муночотй бошем… Дар ин фасли гамолуди рафтанхо, Ки дар садояш сузи ишки бенаво Фарёд мекашад, Биё, муночотй бошем… Дар ин сахни тиллоии табиат, Ки дар хунёяш Ракси барги овора Бо доги хичрон, Бо сад илтичо Чарх механад, Биё, муночотй бошем… Вакте, ки пойиз Бо тамоми хастияш Ба Хуршед менигарад, Саропо ба зери гулрезахову баргрезахояш мемонад, Офтобй мешавад, Аргавонй мешавад, Бахори сонй мешавад, Биё, муночотй бошем… Вакте, ки пойиз Дар шабхои махтобй Бо баргхои зудранчаш Ба чашми поки махтоб менигарад, Шевои бедордиливу бедорх,уширо меомузад, Биё, муночотй бошем… Вакте, ки пойиз Саропо Моломоли абрхои гамин мешавад, Панчахои хазонаш Дар зери борони махзун меларзад, Вакте, ки баргхояш Гирдгардон, Ракскунон Бо навои ишки охар Дар сарою фазо Бо як табассуми мехрофарин Ашки гаммоз мерезад, Биё, муночотй бошем… Биё, муночотй бошем, Зеро дунёи шайдояш Шевотарин аст! Биё муночотй бошем, Зеро оханги рафтанаш Зеботарин аст! Дар х,акикат у човидона Бемарг аст! Зеро дар таронаи дили ошикон, Дар таронаи дили Ошикони муночотй хохад монд! Ошики муночотй, Зебуннисо-Биби Дунё.
| |
Просмотров: 1228 | |