Муждаи васли ту ку,к-аз сари дом бархезам
Муждаи васли ту ку,к-аз сари дом бархезам, Тоири кудсаму аз доми чахон бархезам. Ба валои ту, ки гар бандаи хешам хонй, Аз сари хочагии кавну маком бархезам. Ё раб, аз абри хидоят бирасон бороне, Пештар з-он, ки чу гарде зи миён бархезам. Бар сари турбати ман бо маю мутриб бинишин, То ба буят зи лахад ракскунон барзезам. Хезу боло бинамо, эй бути ширинхаракот, К-аз сари чону чахон дастфишон бархезам. Гарчи пирам, ту шабе танг дар огушам каш, То сахаргах зи канори ту чавон бархезам. Рузи маргам нафасе мухлати дидор бидех, То чу ХОФИЗ зи сари чону чахон бархезам.
| |
Просмотров: 1975 | |