Дур аз ту мемирам
Туро, эй Ишк, ман аз хотирахои азалй хохам ёфт. Туро аз сурхии себе маърифат хохам кард. Ё аз ручуи об дар чуяхои навхат. Ё аз найи ширини чуворй, ки кудаке бо хавас мехояд. Ё зи як гул. Оре, зодгохи Ишк – як гули ёсуман аст. Ишк шояд як кафаси пур- пури озодист. Салом, эй Мачнун! Кафаси пур- пури озодиро кучо хохй бурд? Чун ту мехохам зоFро зебо бинам ба гунаи товус. Чун ту мехохам аз гардани шер оFуш кунам Ва аз чашмони оху оинае дошта бошам. Вакте, ки пошнахои бечуръати ман дар хамушии куча мусикй мерезанд, МуFгакон пеш оянд ва маро кавкаба бошанд. Пардаи чашмро кушо, бингар аз кучаи ту Кавкабаи Ишк меравад. Ман барои чй Ишк мегуям? Барои он, ки вучуди Ишк зи кайдхои замону макону мазхабу кеш ОЗОД аст. Ишк зангиву фарангиву хуросанй нест, моли чопонй нест. Ишк хам оташи Прометей аст, хам шуъои кафи Мусо, Хам салиби Исо, хам нилуфари Буддо, хам туълуи Митро. ИШК МЕЪРОЧИ МУСТАФОСТ! ИШК – ЗЕБОТАРИН ХУЛОСАИ ТАМОМИ МАЪРИФАТХОСТ. ИШК – ТАРКИБИ ХУДОСТ! Пас фаротар зи хештан кадаме бояд монд. Ва бояд андешид, ки агар мурчаеро пахш кардй, Ишк мемирад.
| |
Просмотров: 1974 | |