Бо хавас ошики он чашмаи нурем хануз
Бо хавас ошики он чашмаи нурем хануз Вою сад вой каз ин мархила дурем хануз Дигарон рахсипари собиту сайёра шуданд Мо бар ин хоки сиях масти гурурем хануз На камол аз дигарон дида, на нуксон дар хеш Эй замон ойина бигзор ки курем хануз Зиндакуш будаву бо мурдапарасти шодем Ин гувох аст ки мо толиби гурем хануз Такя бар кори падар кардаву бекор шудем Хуррам аз фотихаи ахли кубурем хануз Дузахе то набувад суи ибодат наравем Чи тавон кард ки мо ошики зурем хануз Рохати хештан аз дасти казо мечуем Ташналаб бар лаби ин биркаи шурем хануз.
| |
Просмотров: 1605 | |