Шеъри ошики (6)
Дуст медори маро эй чони ман? Мешави боре ту хам пазмони ман? Дуст дори гар биё бар суи ман Лахзае биншин ту дар пахлуи ман Хусни руят бишканад армони ман Хам бубахшад нур бар чашмони ман Аз нигохат мехрам афзун мешавад Аз дурихоят дилам хун мешавад Рузхо рафта наоянд боз пас Бо ту мехохам ки бошам хар нафас Дуст дори гар бигу боре маро Барсарам гар санг ояд дустмедорам туро Зиндагони гар танг ояд дуст медорам туро. Зиндагони ранчдорад ранчхохи бешумор Бохазорон ранч ояд дуст медорам туро То рахна ба мулки дилрабои накуни, Касро ба висол худнамои накуни. Чун хуи фаришта дорию шакли пари, Бояд,ки ба мардум ошнои накуни. ***************************** Ин рози нихониро ту гуфтиву ман гуфтам. Ин дурри маъониро ту суфтиву ман суфтам. Акси хама гамхоро чун доги дилозори Аз дида ба сад хори ту руфтиву ман руфтам. ********************************** Он қадар хоҳам бароят сӯхтан чун чароғони шабони иди ту, то биафзоям зи шеъри оташин Шуълае бар оташи ҷовиди ту. ************************ Умре, ки вафо кардам бар чабру чафои ту, Дигар, ки чи хохам кард бар кисмати пешони. Дар ишки ту дидам ман гавгои киёматро, Чоне, ки ба лаб омад кай рафт ба осони. ************************** Ин коса,ки ман бо лаби ту меорам, Не аз паи шодию тараб меорам. Чашми сияхи ту рузи ман кард сиёх, Рузи сияхи хеш ба шаб меорам. *********************** Мерасад рузе маро ёдам куни. Хар кучо биншаста фарёдам куни. Бо ду се байте, ки гуфтам бахри ту, Хар замоне хонию шодам куни. ********************* Ошикон аз дидаи дилдор хушнуданду лек Даври хушкомии онхо он кадар бисёр нест. Кимати моро шикасти бо хазор озори хеш. Гарчи моро нисбати ту заррае озор нест. *********************** Ман руи туро ба мохи тобон надихам, лаьли лаби ту ба дурру марчон надихам. лаьли лаби ту агар ба дастам ояд, киммат хараму бахои арзон надихам. **************************** Мешавам хушхол гар бинам туро. Чехраи гулбарги тар бинам туро . Пеш аз он чун гунчае медидамат. Хохам аз ин бехтар бинам туро. ************************** Дигар ишку вафоятро нахохам ман начуям ман. Гули бебуи богатро нахохам ман, набуям ман, Сухан гуфтам зи бахри ту, аз ишки навчавониям, Бароят шеъри ишкамро, нахохам ман нагуям ман. ************************ туи дармони дардам, эй гули ман, Давои ранги зардам, эй гули ман. агар ои ба пеши гурам, эй мох, Ба буят зинда гардам, эй гули ман. ************************ Бароям мехрубоният кучо шуд? Мухббатхои чоният кучо шуд? Зи чашму руи ман, эй чони ширин, Ду чашми осмоният кучо шуд? ******************* Мухаббат ин кадар хорам намуди. Бо як дидори у зорам намуди. Надонисти муносиб ишки уро. Чаро бар калби зорам чо намуди? ********************* Дил дар хами зулфи дилбарон аст хануз, Афсонаи ишк дар миён аст хануз. Гуфтем,ки мову дил яке пир шавем, Мо пир шудему дил чавон аст хануз. ********************* Эй дил ки давидию давиди бас кун Аз муи сарат сафеди диди бас кун Хар чанд ки давиди аз паи лоларухон Аз лоларухон чизе надиди бас кун ******************* Агар дар хоб медидам гами рузи чудоиро Хавас асло намекардам дар олам ишкбозиро **************** Алло ёрчон каду бастат маро кушт Алло ёрчон каду бастат маро кушт илохо дар шаби хобам дарояд. ишора кардани чашмат маро кушт! ************************** Агар сад сол ҳам ҷӯӣ, маро дигар намеёбӣ, Шабу рӯзон худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ. Ба роҳи ман чу пойандози махмал ҳар саҳаргоҳе Ба сони сабза ҳам рӯӣ, маро дигар намеёбӣ. **************************** Дил гадои дигареву ман гадои дигаре, Дил адои дигареву ман адои дигаре. Байни мову дил ҳамеша ҳарбузарби шавқҳост, Дил фидои дигареву ман фидои дигаре. **************************** Азизи ман биё беморам имшаб Ситора дар само мешморам имшаб. Ман ки мурдам зи гам парво надори. Туро ман бар худо меспорам имшаб. ************************ Туро бар сина чо кардам ба чонам ошно кардам. Маро аз худ бадар карди худо хофиз. Ало ай рахнамои дил маро афканда пой бар гил. Рахи худро дигар карди худо хофиз. Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст, Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест. Боз поён мешавад ин шоми беболиниям, Ҷуз Худо дар ин ҷаҳон аз тухми Одам тоқ нест. **************************** Рафти зи барам эй гули раънои баҳорам. Монди ту ба дил доғу аламҳо ба канорам. Чун мӯи сиёҳат ҳама рӯзам намуди шаб. Чун зулфи парешони ту гум гашт қарорам. ********************************* Туро гуфтам, ки ман ёри ту мешам, Дар ин олам харидори ту мешам. Агар дасти паризоде бигирам. Яқин донам, ки ман зори ту мешам. ******************************* Ту рафти олами ҳасти дигар шуд. Дили девонаям девонатар шуд. Чунон аз дарди ҳичронат гиристам. Замин дар зери по аз гиря тар шуд. **************************** Дар сабзаи рӯ гулоб мепошӣ ту, Дар барги лаб атри ноб мепошӣ ту. Борони баҳори сунбулат аз атр аст, Атре,ки ба мисли об мепошӣ ту. **************************** Дилам хоҳад ҳамеша мунису ғамхори ман бошӣ. Тасаллои дили хунгаштаи афгори ман бошӣ Ба зери хоки пои ту кунам ҷонро нисор эй гул. Агар боре табиби синаи бемори ман бошӣ. ******************************* Ин зулфи мусалсалат балои дили ман, Ин ҳоли лабат укдакушои дили ман. Ман дил ба ту додам, барои дили ту, Ту дил ба касе мадеҳ, барои дили ман. ***************************** Марав аз ман ки бо ту меравад дунёи рангинам, Марав аз ман ки бо ту меравад дунёи ширинам. ******************************* Дилам аз ишқи ту афгор гашта. Чу кохе бар тани девор гашта. Зи сели ашки ман девори боғат. Фитода дар замин ҳамвор гашта. ************************** Ёри ман хуб асту аммо расму оинаш бад аст. Бо бадон хуб асту бо некон бад аст инаш бад аст. Менишинад маслиҳатро бо рақибон мекунад. Маслиҳат хуб асту аммо маслиҳатчиаш бад аст. ******************************* Ман гиёҳи навбаҳорам шамси тобонам куҷост? Булбули шурида ҳастам боғу бӯстонам куҷост? Лоласон дар қалби ман доғи гароне хуфтааст. То бишӯяд доғи дил он абри найсонам куҷост? ********************************* То ҷон дорам аз ту ҷудои накунам, Ҷуз ғайри ту бо кас ошнои накунам Бо ваъдаву пайғоми ту шинам сад сол Сад соли дигар аз ту ҷудои накунам. ************************* Омадам то лаҳзае чашмам ба чашмонат занад. Лаб ба лаб бигзораму мижгон ба мижгонат занад. Беқарор аз чашми мастат ин дили девонаам. Себи фикрам афтаду дар чоҳи домонат занад ****************************** Тоҷикдухтар, чи гуна чашмон дорӣ, Пайваста ба даври ӯ чи миҷгон дорӣ. Чашмат оҳусту абрӯят тиру камон, Сайде паи сайд ба сомон дорӣ.
| |
Просмотров: 3272 | |