Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Пятница, 17.05.2024

Модар
Ту монанди замин танҳои модар,
Ту монанди замин яктои модар.
Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ,
Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандҳои ту,
Барои ҳамдигар тақдим карданд.
Вале як рӯз донистанд:
Замин қисмат нахоҳад шуд,
Замину осмон, хуршеду маҳ,
Мисли дили ту, мисли меҳри ту,
Миёни кӯдакон қисмат нахоҳад шуд.
Ҳама хуршеду маҳ доранд,
Ҳама бо худ замину осмон доранд.
Вале аслан маҳу хуршед,
Вале аслан замину осмон,
Монанди ту яктою танҳоянд.
Чунонки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст,
Раҳе сарманзиле меодгоҳе ҳаст.
Вале баҳри ҳама Модар-Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо яктои, эй модар.
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 5334 | Рейтинг: 2.1/7