Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Пятница, 17.05.2024

Гар бимирам ёд маро ёрон кунед
Гар бимирам ёд маро ёрон кунед,
Ёд маро хешону пайвандон кунед.
Қисматам, гар бевафоиҳо кунад,
Дод Шумо з-он марги беамон кунед.
Дар мазористон мазори тозае,
Бар мани бечораам ҷӯён кунед.
Кай супурдед турбати маро ба хок,
Як дуое бар мани беҷон кунед.
З-он дигар гӯям ,нагӯям ҳар чи аст,
Ҳар чи фармони Худо аст,он кунед.
Оби чашми хоҳарону модарам,
Банд ашк з-он дидаи гирён кунед.
Бар сари қабрам Шумо, як лаҳзае,
Ёд зи он рӯзҳои рӯзгорон кунед.
Илтиҷою охирин армони ман,
Модарамро доимо хандон кунед.
Бо қалам дар лавҳаи пӯсидае,
Як ду ҳарфро аз хатам нишон кунед.
Раҳгузаре, гар гузарад бар мазор,
Ин хатамро баҳри ӯ баён кунед.
Фикр барвақт кард Раҳим,ё вақти ҳол,
Хости худост,бандаги осон кунед.
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 3547 | Рейтинг: 3.0/9