Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Пятница, 17.05.2024

Агар ин дида кушоям...
Агар ин дида кушоям...
Ҳусни зебои ту аз пеши назар бигрезад,
Қади болои ту аз мижжаи тар бигрезад.
Чашми пӯшидаи ман хонаи васфи ту бувад,
Ишқам аз сӯзиши дил сӯи ҷигар бигрезад.

Агар ин дида кушоям...
Ба назар сурати оина пароканда шавад.
Дили ғамноки ман ҳар лаҳза навозанда шавад.
Ҳам чу як булбули дар шоха ба сад оҳу фиғон,
Нолаам баҳри ту, ай гулпари, арзанда шавад.

Агар ин дида кушоям... 
Лаби дарёи ҳайётам нишинам бар сари санг,
Сухану ҳарфу хитобе бикунам номусу нанг.
Дар раҳи ишқ чу мавҷе, ки пароканда шудам.
Ману ин дашту биёбону куҷо накҳату ранг?

Агар ин дида кушоям,....
Ва бигзор кушоям.......
То сари ҷабру ҷафоҳои ту андеша кунам,
Зиндагиро ба ҳама ҳастии худ пеша кунам.
Қалби ман ҷангали ҳар муру малах буд, вале
Ишқи Яздони кунун шери ҳамин беша кунам.
Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 2504 | Рейтинг: 1.5/2