Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Пятница, 17.05.2024

Соли дигар мешавад
 Боз бе ман рӯзи мавлуди бародар мешавад,
Боз бе ман зодрӯзу ҷашни модар мешавад.

Боз бе ман соли нав ояд ба гулбоғи Ватан,
Боз бе ман дар диёрам соли дигар мешавад.

Боз бе ман ҷамъи ёронам ба даргоҳи падар,
Боз бе ман ҷумла гирди хони додар мешавад.

Боз бе ман дӯстонро мешавад соле фузун,
Соли ман ҳам дар ғарибиҳо фузунтар мешавад.

Боз бе ман тӯй бошад хонадони халқи ман,
Боз бе ман нурборон хонаву дар мешавад.

Боз бе ман ҳамдиёронам сарафрозӣ кунанд,
Боз бе ман дар маконам шодиҳо сар мешавад.

Боз бе ман модари ҷонам дуоям мекунад,
Боз бе ман дар фироқам чашми ӯ тар мешавад.

Кош андар соли нав раҳми Худо ояд ба мо,
"Боз бе ман"-ҳо ягон рӯзе паси сар мешавад.

Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 3465 | Рейтинг: 1.0/1