Приветствую Вас, Гость! Регистрация RSS

Турецкие Стихи

Пятница, 17.05.2024

Модар
Сад ҷону дил фидои як муддаои модар, 
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар. 

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон, 
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар. 

Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам, 
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар. 

Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ 
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар. 

Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш, 
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар. 

Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар, 
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар. 

Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд, 
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар. 

Ғофил аз он, ки хуршед аз Шарқ барнахезад, 
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷои модар. 

Гардун сафо надорад, чашмаш зиё надорад, 
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар. 

Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг 
Бошад бақои олам маҳзи бақои модар. 

Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон, 
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар. 

Дунё чи норасо буд, ҳастӣ чи носазо буд, 
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар. 

Тобад замини паҳно чун дашти хушксоре, 
Ашке агар нарезад аз дидаҳои модар. 

Як ахтаре нарахшад дар тоқи чархи мину 
Бе шӯълаи нигоҳи толеънамои модар. 

Беинтиҳост дунё аз он, ки сӯи некӣ 
Ҳеҷ интиҳо надорад ҳеҷ ибтидои модар. 

Ҷуз чордарди зодан дарди дигар нахоҳад – 
Аз чор самти дунё ояд садои модар. 

Шоҳу гадо намонда дар аҳди мо, валекин 
Мурданд ҷумла шоҳон охир гадои модар. 

Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд, 
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷои модар. 

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд, 
Як байт ҳам наарзад андар санои модар. 

Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд, 
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар. 

Фарзандони хомаш кайҳонкушоӣ карданд, 
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар. 

Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир 
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар. 

Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш 
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар. 

Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд, 
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар. 

Дарду балои дунё бигрифт модари зор, 
Нагрифт лек дунё дарду балои модар. 

Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо, 
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар. 

То як шаванд халқон дар зери чархи гардон, 
Бинед, яккатозон қадди дутои модар. 

Ғамноку хокбарсар з-онам, ки ҳафт дарё 
Аз гиря чун нахушкад рӯзи азои модар!?


******
Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар, 
Ҷаҳони беканори ман туӣ модар, туӣ модар. 
Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш, 
Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар. 
Диламро дар ҷаҳон ҷуз ту касе беҳтар намедонад, 
Беҳин ҳамдостони ман туӣ модар, туӣ модар. 
Зи рӯят нур меборад ба рӯи зиндагониям, 
Чароғи дудмони ман туӣ модар, туӣ модар. 
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв, 
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар. 
Гарам шоир намезодӣ, куҷо ман шеър мегуфтам? 
Ғазалҳои равони ман туӣ модар, туӣ модар. 
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман, 
Суруди ҷовидони ман туӣ модар, туӣ модар.

*****

Модариҷон чашму абрӯи туро пазмон шудам, 
Аз дуриҳо шӯълаи рӯи туро пазмон шудам. 
Хоб мекардам ба роҳат дар сари зонуи ту, 
Дуру марҷон мондаву зонуи туро пазмон шудам. 

Фарзанд давоми умри инсон бошад, 
Нерӯи дилу ҳаловати ҷон бошад. 
Модар чу дарахтест дар ин боғи ҷахон, 
Бигзор ки мевааш фаровон бошад.

****


Модар модаро ганҷи бебаҳоям ту будӣ 
Зи ҳар офату бало роҳи раҳоям ту будӣ 
Ҳар қатраи шири ту дарёи беканорам шуд 
Ҳар лавзи ширинат боми ду ҷаҳонам шуд 
Аллаҳои шабҳо гуфта ҳам қиссаи ширинат 
Аз чашмам наравад ҳеҷ шабҳои бедориат 
Модар бишав аз ман ризо ба амри парвардигор 
Монда буди як рӯза ин писарро ту Ёдгор 
Сари қабрат омадам бо ду зону нишастам 
Ту зери хокию ман рози худ бигуфтам 
Ба ҷой овард хоҳишатро он хоҳарат ай модар 
Ба ҷойи ту модар шуд ба ҷонам буд баробар 
Қадри бемодари надоштам то он ки холаам буд 
Қадрдону меҳрубон ба ҷои модарам буд 
Ту ҳам рафти холаҷон холи ҷойи модар шуд 
Дунё ҳама торик бар пеши назар шуд
*******

Аё модар туи бахти ҷавонам 
Аё модар туи тахти равонам 
Туи дард ошнову меҳрубонам 
Ҳамеша бо ту бошам бо ту монам 
Муборак модари ҷон рӯзи идат 
Муборак бод ҳар субҳи саидат. 
Туи модар нигини зарҳали ман 
Ту ҳам болини ҳам бистари ман 
Надорам аз ту модар рози пинҳон 
Ҳамеша ғамгусори дар бари ман 
Муборак модари ҷон рӯзи идат 
Муборак бод ҳар субҳи саидат. 
Аё модар нидои туст бар ҳақ 
Аё модар ризои туст бар ҳақ 
Бароят тӯҳфа аст ин шеъри садбарг 
Ки ҷаннат зери пои туст бар ҳақ. 
Муборак модараи ҷон рӯзи идат 
Муборак бод ҳар субҳи саидат.

***

Оча очае ба рӯят зорам очае, 
Дар мулки ғарибиҳо чи хорум очае, 
Сад сол гузара ба қадри меҳрат нарасам, 
Бархезу бубин, ки бар чи ҳолум очае. 

Очам ба дара, руймоли очам ба дара, 
Эй вой, ки худо ба пеши очам бибара, 
Як лаҳзае сар ба рӯи зонуш монум, 
Дилум бигира қарор, хобум бибара. 

Э очаи ҷон шири ҳалолата бубахш, 
Шабҳои нахобидаи бедорта бубахш, 
Ман дар ғами ишқ зи ҳолат мондам бехабар, 
Фарзанди ба дарди ишқ беморта бубахш.

***

Зиндагони лазаташ дар ибтидою интиҳост, 
Ё лаҳад ҷои фароғат ё канори модараст.

Ду биҳиште доштам, дар рӯзгори хештан, 
Батни модар он якеву дигаре домони ӯ.

Модар, модар, ба ҷон баробар модар, 
Хуршеди сабоҳи меҳрпарвар модар. 
Хуршеде, ки ҳар саҳар барояд ба ҷаҳон, 
Аз боиси ман доду қайсар модар.

Диле дорам, ки навкар мешавам ман, 
Асири пои модар мешавам ман. 
Агар модар ба фарзанди нагирад, 
Дар ин олам қаландар мешавам ман. 

Биҳиште доштам эй дил даме дар домани модар, 
Фурӯзон гаштаам эй дил зи чашми равшани модар.

***

Вақти тифлӣ, вақти роҳ омӯхтан, 
То наафтад, дошт ӯ аз домани ту. 
То намонад дасту пои баста дар гаҳвора танҳо, 
Дошт ӯ аз домани ту вақти ҷое рафтани ту. 

Боз медорад зи домони ту, модар, 
Гарчӣ акнун гурзбардоранд ӯро дастҳо. 
Гарчӣ натвонӣ ту акнун роҳ гаштан по ба пояш, 
Гарчӣ натвонӣ шуморидан қадаммонии ӯро. 

Боз медорад зи домони ту, модар, 
Кӯдаки бо ранҷҳо, бехобиҳо парвардаи ту. 
Кӯдаке, ки як замоне чорпоя роҳ мерафт, 
Ин замон соҳиб шуда бар зиндаю бар мурдаи ту. 

Боз медорад зи домони ту, модар, 
То нагирад доманат аз дасти ӯ дасти хатар...

***


Категория: Таджикские стихи (Точик шеърхо) (13.11.2013)
Просмотров: 6916 | Рейтинг: 3.4/10