Зулоли интизор
Канори роҳи интизор Умед баста бар нигоҳи интизор Миёни ин замину осмон чу сояи сароб Фитода бе садо ба чоҳи интизор Кашида оҳи интизор Касе садо намекунад Варо зи чоҳи ғам раҳо намекунад Дар ин кавири интизори пурсароби бе уфуқ Барои ҷони ӯ дуо намекунад Ба ӯ вафо намекунад Биё, умед мерасад Зи куйи ошно навид мерасад Чароғи ишқи покро ба қалби хеш зинда дор Ки пайки рафъати сапед мерасад Чу нури шед мерасад
| |
Просмотров: 3186 | |