Дар мазори Модар
Туро оғуш мегирам Ва он ҷо меравам аз ҳуш мемирам Дар ин дунё ба ғайр аз турбати поки Ту, эй Модар Зи ҳар чизе, ки буду ҳаст дилгирам Ва аз ин зиндагӣ серам Нигар чун сахт мағмумам Дар ин дунё зи худ ҳам бе ту маҳрумам Падар рафту Ту рафтию сафо аз хонаи мо рафт Ту гуйи дар чаҳон бар ғусса маҳкумам Аҷаб танҳову мазлумам Ҳамеша дар сафар будам Ҷудо аз суҳбати гарми Падар будам Набудам, то бигирам пояи тобутат, эй Модар Ки рӯзи марги Ту ман бехабар будам Маро бахшо, ки кар будам Расидам бар мазори Ту Дуо хондам, нишастам дар канори Ту Падарро дар мазористон гумонам зинда медидам Ки меовард бар Аъзам баҳори Ту Хушо бар рӯзгори Ту!
| |
Просмотров: 4342 | |